Исфара: Омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад

Маҷмӯи тадбирҳои омодагӣ ва корҳои ташкилӣ барои муташаккилона гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сари вақт амалӣ мегарданд.

Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Исфара», №27, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаст, фаъолияти худро пайваста тақвият мебахшад.

Бино бар гуфти раиси комиссияи ҳавзавӣ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ ва таъминоти моддии фаъолияти комиссияи ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро ёфтааст.

Аъзои комиссияи ҳавзавӣ фаъолияти худро тибқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти амиқ роҳандозӣ намуда, баҳри дар муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ амалӣ намудани чорабиниҳои нақшавӣ ҳамарӯза корбарӣ доранд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ 83 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Ҳудудҳо ва участкаҳои интихоботӣ номгузорӣ ва рақамгузорӣ шуда, рӯйхати участкаҳои интихоботӣ бо зикри ҳудудҳои онҳо вa шумораи интихобкунандагон дар рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара» ба нашр расидааст.

Аз ҷониби раиси шаҳр, дар асоси пешниҳоди комиссияи ҳавзавии интихобот, ҳар як участкаи интихоботӣ барои гузарондани интихобот бо бино ройгон таъмин гардида, масъалаҳои таъмини нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар масоили таъминоти моддӣ - техникии маъракаи интихоботӣ дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ҳал гардидааст.

Рӯихати интихобкунандагони участкаҳои интихоботӣ тартиб дода, биноҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои шаффоф ва дигар таҷҳизоти интихоботӣ омода шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи ҳисоби пешакӣ, дар маъракаи интихоботӣ 162105 нафар сокини шаҳри Исфара ширкат меварзанд ва барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, озод ва шаффофу демократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Иқбол ТЕШАЕВ,

котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh