ТАРҒИБОТИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Интихобот аслан дар ҳар як кишвари демократӣ чун маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Ба маъракаи интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи манотиқи кишвар, тадбирҳои иловагӣ аз қабили омодагии ҳуҷраҳо, лавозимоти зарурӣ дар сатҳи хуб ҷараён доранд.

Имрӯзҳо аз ҷониби созмону ташкилотҳои ҳизбӣ доир ба пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи Президенти кишвар вохӯриву мулоқот баргузор шуда истодааст.

Оид ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ вохӯрии фаъолони Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндагони марказ аз шаҳру навоҳӣ доир гардид.

Аъзои ҷамъияти номбурда пешниҳоди Иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ, созмони ҷавонони ҷумҳурӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро оид ба номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд.

Озод Мелибоев, ҷонишини аввали раиси марказ иброз дошт, ки мо тамоми фаъолони марказ ба ин интихоботи муҳими сиёсии сол тайёрии ҳамаҷониба дида истодаем. Мо, ӯзбекон низ тасмим гирифтем, ки дар канор набошем, дар интихобот фаъолона иштирок намоем.

Дар ҷамъомад Илҳом Юсуфов, раиси Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон иброз намуд, ки аз ҷониби марказ дар шаҳру навоҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ пурзӯр карда шудааст, то ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла, ӯзбекзабонони кишвар номзади арзандаро интихоб карда тавонад.

Баъди муҳокимарониҳои навбатӣ фаъолон тасмим гирифтанд, ки ба ҷонибдории номзади арзанда – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки маркази мазкур соли 2010 таъсис ёфта, соҳиби ду нашрия, яъне маҷаллаи «Шарқнома» ва рӯзномаи «Маънавиёт» аст. Марказ бо кишварҳои ҳамсоя ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тамоми дунё алоқаи зич дошта, намояндагон дар шаҳру навоҳии вилоят фаъолияти ҳамаҷонибаву пурсамар доранд.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh