Пешниҳодҳои хоини беномус!!!

Даврони шӯравӣ, давре буд, ки ҳар нафари дар он давра зиндагӣ карда онро бо нигоҳи нек ёдоварӣ менамояд. Зеро, новобаста аз наҷоду миллат, табақаи иҷтимоӣ ва дигар нишондодҳо ҳама баробар соҳибмаълумот мегаштанд. Аз ин рӯ, танҳо нокаси қадри намакдон намедониста танҳо норасогиҳои он давронро ба ёд меоварад.

Наҳзатиёни ифроти ватангадо, аз он ҷумла Кабирии манфур бо нону намаки давлати шӯравӣ ба воя расида ва соҳибмаълумот шудаанд. Эроди ӯ ҷиҳати Ҳизби коммунистии ҳамондавра ва муқоиса намудани Ҳизби коммунистӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон нишонаи ношукрӣ ва носипосииин нафарони муғриз аз даврони ҷавонияшон мебошад. Хӯрдагириҳои аъзои ташкилоти террористию – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом нисбати маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълуму аниқ будани шахсияти ғолиби ин маърака ҳарзаи навбатии ин хоинонимиллат мебошад. Ин нафарони ватанфурӯш, ки ба чени хаси олуда хок дар ҷомеа қадре надоранд, бахилию аламашон боло рафтааст, ки ғолиби маърака аллакай муайян аст. Ин муғризони нобакор намехоҳанд қоил шаванд, ки Тоҷикистони ҷангзадарокӣ аз вартаи порчашавӣ ва ҳалокат ба рӯзҳои пурсаодату ободи имрӯза расонид.

Ишораҳои бадбӯю бадкинаи Кабирӣ ва думравонаш нисбат ба хонаводагии будани роҳбарияти Тоҷикистон як бофтаи кӯҳнаи ин палидон аст. Кабирӣ, агар гиребони худро буй мекард, ҳис мекард, ки ҳангоми дар мансаби ночизи раиси ташкилоти террористию – экстремистии Ҳизби наҳзати исломбуданаш дар атроф хешу табор ва чоплусонашро ҷамъ карда буд. Аз ин метавон хулоса кард, ки маҳфили хонаводагӣ на Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки Ҳизби ифротии наҳзат будааст.

Аз мардуми соҳибфарҳанги Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки ба бофтаҳои иғвоангези Кабирӣ ва думравонаш фирефта нашаванду дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат намояд ва озодона раъйи худро ба номзади арзанда диҳанд.

Собиров М. С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати
МДТ ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Дадобоев М.А. – самуаллими кафедраи геоэкологияи
МДТ ”Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров”

Add comment


Security code
Refresh