Авфи ҷинояткорон ба пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мусоидат хоҳад кард

Зарафо Раҳмонӣ, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ, яъне бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015  фаъолияти ҲНИ бинобар ташкилоти террористӣ –экстремистӣ буданаш, манъ карда шудааст) ва ягона зан аз раёсати ин ҳизб, ки барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт шуда бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида буд, аз маҳбас ба назди фарзандонаш баргаштааст.

Бубинед, таърихи сиёсӣ собит намудааст, ки  хиёнат як маротиба содир мегардад ва минбаъда амалҳои хиёнатӣ давоми хиёнати нахуст ба ҳисоб меравад.  Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ иҷрокунандагони амри дигарон (хоҷагони хориҷӣ аз Эрон ва дигар давлатҳои нисбати Тоҷикистон хусумат дошта) буданд. Ин худ як хиёнат аст. Барои чӣ? Барои он ки наҳзатиҳо ба тариқи зӯрӣ сохти конститутсионии Тоҷикистонро дигаргун карданӣ шуданд. Ба таври расмӣ маълум аст, ки дар Эрон 89% аҳолӣ пайрави мазҳаби шиа, 10% -пайрави мазҳаби аҳли суннат, пайравони дини зардуштӣ ва насронӣ-1% мебошанд.

Мусулмонони Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд ва 3 дарсади ин шумораро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3900 масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта, инчунин 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳабҳои гуногуни ғайриисломӣ озодона зиндагӣ мекунанд, ки 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шуда, фаъолият мебаранд.

Мардуми тоҷик беш аз 1300 сол бо фарҳангу эътиқоди исломӣ зиндагӣ доранд. Дар ин муддат дини ислом ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мубаддал шуда, меъёри ахлоқию маънавии он дар зиндагии аксарияти мардум ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи раванди тӯлонии омезиши арзишҳои исломӣ бо арзишҳои миллии тоисломии тоҷикон дар фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик марзи мафҳумҳо ва арзишҳои миллӣ ва динӣ асосан аз байн рафта, дар зиндагии амалии аксари мардуми Тоҷикистон ин арзишҳо ба сифати бахшҳои пайвастаи як низоми комили арзишию ахлоқӣ муаррифӣ мегарданд. Дар шароити кунунӣ дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин арзишҳои динӣ ҳамчун бахши фарҳанги миллӣ баҳри таъмини ҳамзистии осоишта ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ мавриди омӯзиш ва ҳифз қарор мегиранд.

Назҳатиҳо ба ҳамин фарҳангу эътиқоди исломии мардуми тоҷик ва дигар бошандагони мамлакати мо тухми кинаву адоват, иғво барангехтанд, ки инъикоси он пеш аз ҳама тарғиб ба тарки мазҳаб буд. Ҳазорон нафар мардуми осоиштаро қатл карданд, дигаронро сарсон намуданд ва дар охир ҳаммаслакони сиёсии худро (ба монанди Зарафо Раҳмонӣ) ба ҳоли худ гузошта бо хешу ақрабояшон ба хориҷа гурехтанд ва ба ин қонеъ нагашта то ба имрӯз ба ҳаёти осоиштаи Тоҷикистон халал эҷод карданӣ мешаванд, ки давоми ҳамон хиёнате ки қаблан ишора кардем мебошад.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ”, “Дар бораи тасдиқи Тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар”, “Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра”, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар соҳаи дин”, санадҳои байналмилалии меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон эътироф гашта, мо бояд тарбияи ҷавонон, аз ҷумла тарбияи диниро ба таври комплексӣ дар амал ҷорӣ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки дар тамаддуни бостонии тоҷикон озодии виҷдон ҳамчун кафили ҳамзистии осоиштаи халқу миллатҳо муаррифӣ гардида, нишонаи беназири фарҳанги олии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Меъёри мазкур бори нахуст дар Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун нахустин санади меъёрӣ роҷеъ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ гардида, дар озодии ҳамаи халқҳо дар парастишу эътиқодашон ифода меёфт. Таҷрибаи бостонии халқи тоҷик дар соҳаи дин ба ҳайси нишондиҳандаи рушди тамаддуни волои инсонӣ эътироф гашта, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон чун арзиши пурқимат ворид шудааст ва ҳамчун омили пойдории сулҳу субот дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Таҷриба ва анъанаҳои бостонии халқи тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин бо дар назар доштани шароити замони муосир ба назар гирифта мешавад.

Пӯлотов К.И. – сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh