Ҳангомаҳои навини ситезаҷӯён

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон боз як амали таърихиро бо назардошти хидматҳои арзандаи фарзанди фарзонаи миллати мо анҷом дод. Ин хидмат он аст, ки номзадии ин шахсияти таърихиро барои ишғоли корсии президентӣ пешниҳод намуд. 

Ин албатта майлу хоҳиши мардум аст, ки ҳамин гуна шахсиятҳои барои халқу миллаташ хидматкарда қадршиносӣ шаванд. Тавре баъзе ниҳодҳои хилофкор арзёбӣ карда истодаанд, гӯё пешниҳоди чунин номҳо пешопеш масъаларо дар интихобот ҳал кард. Бояд қайд кард,ки интихоботро раъ мардум ҳал мекунад. Мардум ба шахси арзандааш овоз хоҳад дод. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки яке аз нафароне, ки арзандаи курсии олии мамлакатдорӣ мебошад, интихоб карда мешавад.

Ин барои давлату миллат хеле зарур аст. Душманони миллати мо чунин ибрози ақида кардаанд: Дар чунин шароит, ки пандемияи коронавирус ҳамарӯза чандин нафарро қурбонӣ мекунад, интихобот, ки рисолатан ва табиатан як фарохон ва таҷаммӯи ҳазорон- ҳазорист,чи суде метавонад оварад? Харҷи миллион-миллионии ташкил ва гузаронидани интихобот дар мубориза муқобили короновирус ва барои ниёзмандону нодорон шавад, беҳтар нест? Бо баргузории интихоботе, ки баргузорношуда маълум аст ки раиси ҷумҳурӣ кӣ мешавад, чи мехоҳед бигӯед ва барои кӣ? Танҳо ба хотири онки бигӯед интихобот демократӣ доир шуд ва аз байни чанд нафар номзад мардум раъйи худро ба номзади сазовор дод? Ҳама медонем, ки ин тавр нест. Чандин интихобот аст ки ин тавр нест. Киро фиреб доданӣ мешавед? Ин як бозии кӯдаконаро намемонад? Чаро бояд як дурӯғро бо дурӯғ бар сари қудрат биншонд?” Тавре мушоҳида шуд, ин андешаҳои ғаразнок ва ҷудоиандоз ба манфиати миллати мо нест. Мо боварии комил дорем, ки мардуми тоҷик хулосаҳои амиқ меаброранд ва аз чунин навиштаҳои пучу бемағз дурӣ меҷӯянд.

Кайхусрав Каримов – устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh