Кабирӣ ва сиёҳкунандаҳои ӯ!

Мақоларо таҳти унвони «Зарафо Раҳмонӣ: Кабирӣ ба мо хиёнат кард»-ро хонда ба ваҷҳ омадам. Маълум шуд, ки Зарафо Раҳмонӣ ва хоҳари Кабирӣ дугонаҳои наздик будаанд. Аз гуфтаҳои Зарафо Раҳмонӣ бармеояд, ӯ аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) ва ягона зан аз раёсати ин ҳизб будааст.  Раҳмонӣ   нақл менамояд, ки он вақт хеле ҷавон будам ва баъди хатми донишгоҳ маро ҳамчун ҷурналист ба ҷурнали занонаи ҳизбӣ даъват карданд. Як муддат он ҷо кор кардам. Ҳамроҳи чанд тан маҷаллаи «Наистон»-ро ташкил кардам. Ду соли аввал аъзои ҳизб ҳам набудам.

Баъд аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ аввалин иқдоме, ки Кабирӣ кард, ин бастани ду ҷурнале буд, ки яке барои ҷавонон буду дигаре барои занон. Маро барои кор ба шӯъбаи фарҳанги ҳизб фиристоданд. Минбаъд аз ман ҳамчун як намунаи зани ҳизбие, ки ҳизби диниро пазируфтаасту дар доираи он мубориза мебарад, дар таблиғоти худ истифода мебурданд. Маълум, Кабирӣ ва монанди ӯ, аъзоёни ба ном ҳизбу дар асл гурӯҳи сиёҳкорон, ба зиндагии хуб ғаш доранду, ба касоне,  ба монанди Зарафо Раҳмонӣ дасти ёрӣ дароз карда наметавонанд.

Мутаассифона хоҳари Кабирӣ ҳам бечора Зарафо Раҳмониро ақаллан бохабар накардаст, ки ба роҳи дуруст равад ё ҳамроҳи худ мананди хоҳару хешу ақрабо гирифта, мерафт. Ин магар дӯстӣ, ин хиёнат, ин бевафоӣ, ноинсофӣ, дурӯягӣ, … . Аҷибо, дар вақти лозимӣ ба монанди чиз истифода бурда,  ӯро ҳамчун як намунаи зани ҳизбие, ки ҳизби диниро пазируфтаасту дар доираи он мубориза мебарад, дар таблиғоти худ истифода бурда, баъд занро партофта, худ гурехта, рафтааст. Ин магар аз рӯи одаму одамгирӣ… .

Зарафо Раҳмонӣ барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт шуда, чанд муддат ин  як зани бечора, хоса модари тоҷик паси панҷара буд. Мушкилоти зиёдеро  аз сар гузаронида, бошад ҳам, аз гуфтаи ӯ чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро авф намуданд ва мавсуф ба озодӣ баромад. Меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Зарафо Раҳмонӣ худ фаҳмид ва ба дигарон ошкор намуд, ки бе пули сарапарасташон (хоҷаҳои хориҷии гурӯҳи Кабирӣ) ва ё бе иҷозати онҳо сафар карда метавонистанд. Кӣ ба онҳо пули хӯрок, либос, ҷойи хоб дод? Албатта, ҳамин сарпарастонашон. Онҳо пул медиҳанду мегӯянд, ки кай, дар куҷо бояд баромад кунанду миллату Ватани худро сиёҳ намоянд. Акнун бароямон  аниқ аст, ки оташи ҷанги моро кӣ аланга мезад. Ин албатта роҳбар ва аъзоёни собиқ ҲНИ (кабириҳо ва сиёҳкунандаҳои ӯ). Зарафо Раҳмонӣ хатои худро дарк намуда, ба ҷавонон муроҷиат намуда, мегӯяд: «Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дучори фитнаву тафриқаи душманони дину миллат нагардем, ҷавонҳо  шумоён  бояд  ҳушёр бошед, то дар доми ин гурӯҳи фитнаангезу золим наафтед. Мо бояд ба қадри ин тинҷиву оромии кишвар бирасем ва барои пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи худро гузорем».

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони руси ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh