Наҳзатиён истиқлолу озодии моро зери яғмо бурданианд

Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумхурӣ аст. Чунки бо як чашмакзании қозӣ Акбар Тураҷонзода ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш аз ҳисоби аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вукӯъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.

Дар навбати худ Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва дигар ҳаммаслаконаш дар хоричи кишвар дар панохи хочагони хоричии худ “панаҳ” ёфтанд. Имрӯз бошад, Мухиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар карор гирифта, боз ягон нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тархрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми точик чунин суистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхоҳ тақдири дину миллати хешро ба гарав гузоранд. Бояд таъкид намуд, ки баста шудани бинои Раёсати олии ТТЭ ҲНИ дар шаҳри Душанбе ва барҳам додани ин ҳизб дар қаламрави кишвар қобили мақсад аст. Мо бояд шукронаи Истиклолияти кишвар кунем ва барои гул-гулшукуфии он кӯшиш намоем, на аз қафои кадом як хочагони хориҷӣ шавему мансабталошӣ кунем.

Аъзоёни ҳизби нахзат, ки даъвои Ислому худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр аз ба дасти худ гирифтани хокимият ва мансаб дигар мақсад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоту покиро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вуҷуди пайравони ТТЭ ҲНИ ақалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин қадар мардуми тоҷик зомин намешуданд. Имрӯз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахтӣ, куштору қашшоқӣ ва гуруснагӣ оварда, худашон шоҳу табъашон вазир шаванд. Вале мардум имрӯз дигар мардуми солхои 90-ум нест, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунад.

Зеро, максади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафрикаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва маҳалгароӣ равона гардидааст.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳарии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ТТЭ ҲНИ-ро хамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташро дар кишварамон манъ карданд.

Ҷӯраев Ф.-н.и.и., дотсенти кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh