Амали ноҷавонмардона бахшиданашаванда аст

Баъди тамошои  филми мустанади “Хиёнат”  ҳар каси соҳибақлро як ҳиссиёти ногувору ларзиши ҷисм фаро мегирад. Лаънат ба оне, ки хоини Ватани худ аст! Бандааш мумкин мебахшад, лек Худованд чӣ?!  Ҳаргиз не!!!  Ноҷавонмардонаву разилона, бевиҷдонона ҳуқуқи инсонҳоро  поймол карда, онҳоро дар нимароҳи зиндагӣ партофта, амалҳои зиштро содир карда, ба болои ҳамаи ин қонуншиканиҳо боз хоинӣ кардан магар аз рӯи инсофу инсонист.

Аз ин ҳама бармеояд, ки онҳо барои нафси худ ва фоидаи худ фатвоҳои бардуруғ мебофтанд. Номи ин гуна ашхоси хоин, ки Ватан фурӯшанд, дар таърихи кишвар сиёҳ боқӣ мемонад. Имрӯз ҳар як фарди кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ доим саъю талош карда, ободии Ватан пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад.

Воқеан, зарур аст, ки ҳамватанони мо ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, хусусан дар шароити бисёр ноорому ҳассоси ҷаҳони муосир барои ҳақро аз ботил ҷудо кардан саъю талош намояд, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, роҳи дурусти зиндагиро пеш гиранд, ба омӯзиши илму маърифат кушиш карда, аз ҳар гуна амалҳои зишту зиёновар худдорӣ намоянд, ба қадри калонсолон расанд ва бо заҳмати софдилона ватани худро ободу пешрафта гардонанд.

Барои расидан ба сулҳу суббот мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрванди хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

 О.МАДИЕВА,

устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh