Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

 

 

 

Баъди тамошои филми мустанади чеҳраи манфури хоинони “Хиёнат”  миллат аён гашт, маълум шуд, ки сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар киҳо буданд,  дар паси онҳо ки меистод ва онҳо чӣ мақсад доштанд.

Дар замоне, ки мо зиндагӣ мекунем, давлатҳо мустақилу соҳибихтиёр ҳастанд, низоми идоракунии демократиро пеша намудаанд, ҳуқуқҳои инсонро арзишӣ олӣ меҳисобанд. Имрӯз зиддияти иттилоотӣ, ноором сохтани вазъи сиёсии давлатҳои алоҳида, ба тарсу ҳарос андохтани одамон, бо паҳн кардани маълумоти таҳрифшуда ба шубҳаву гумон бурдани шаҳрвандон содир намудани амалҳои террористӣ идома дорад, ки хатар ба амнияти ҷомеа аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки абарқудратҳо имрӯз бо тиру туфанг ошкоро ҷанг намекунанд, балки яроқи асосии онҳо шахсони дуруя, ифротӣ, зудбовар мебошанд, ки онҳоро солҳои сол хоҷагони хориҷӣ бар зидди давлату сарзамини худашон ҳамчун душмани тайёр мекунанд. Дар оғози истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурии мо низ абарқудратҳо чунин нақшаҳо кашида, хостанд бо истифодаи ҳизби ифротии наҳзат мардумро гумроҳ, созанд. Ин ҳизби имрӯз мамнӯъ бо иловаи калимаи “ислом” фиреб додани мардумро идома дода, ҳатто баъди баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ хиёнатҳои худро пинҳонӣ идома бахшид.

Дар филми Хиёнат тамоми корҳои сиёҳ, пасипардагӣ, ноҷавонмардонаи Кабирӣ, писараш, Назарзода ва дигар нафаронро шоҳидони ҳол, ки ҳамон вақт одамони наздики Кабирӣ буданд, нақл карданд. Ин факту далелҳое, ки шоҳидони зинда баён намуданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.

Кабирӣ ва паймони сохтаву бофтаи ӯ то ҳол тавассути шабакаҳои ифротии иҷтимоӣ баромад карда, фармоиши хоҷагони хориҷии худро иҷро мекунанд, гӯё кӯр шудаанду равшанӣ, хушбахтӣ, садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат ба зарзаминро дигар намебинанд.

Ҳар шахси бедордилу закӣ баъди тамошои филми мазкур бори дигар хиёнатҳои нобахшидании Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро бо чашми худ диданд.

Имрӯз мо бояд аз пештара бештар ҳушёру зирак бошем, бетарафӣ накунем, ҳамеша ҳамроҳи мақомоти давлатӣ бошем, ватанамонро дуст дорем, нагузорем, ки ягон нохалафе, сиёсат, фарҳанг ва ақидаи бегонаро ба сарзамини мо ворид кунад.

И.ҶАББОРОВ,

декани факултети таърих ва ҳуқуқи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh