Нотавонбин чашми некбин надорад

Дар ҳақиқат муҳофизат аз сулҳу субот, Ваҳдат ва якпорчагии ватану миллати азизизамон сарчашмаест барои бадастовардани муваффақиятҳои беназир баҳри расидан ба ҳадафҳои бузург, раванди созандагиву бунёдкорист. Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддас дошта асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Имруз халқи тоҷик бо шарофати ваҳдату истиқлолият ва сулҳу субот рузгори пурнишоту босубот ва осоиштагиву оромиву озодиро соҳибанд.

Набояд фаромушӣ кард, ки чунин рӯзҳои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ  ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ ҳар яки мо шаҳрвандони кишварро мебояд   баҳри ободиву шукуфоии ин Ватани азиз саъй намоем, ватан, шахсони тарбиятнодидаи ватангадо нашавем. Дар  муқоисаи бо он рузҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ метавон ба осонӣ дарк намуд, ки ба Ваҳдат расидан барои мардуми тоҷик ва барои Тоҷикистони тозаистиқлолу ҷавони мо чӣ самар овард ва чӣ гуна арзишманду муқаддас аст.

Кунун замоне фаро расидааст, ки мо на танҳо аз ҳавои соф нафас бигирем, балки сарчашмаи андешаҳоямонро низ ба ҳам бипайвандем.

Алҳол ба ҳамаи мо аён аст, ки кишварҳои ҷаҳон гирифтори низоъ ва муқовиматҳои доманадор ҳастанд, аммо аз ин ҳам метавон сарфи назар кардаву ба бемории коронавирус нигарист, ки аз муқовиматҳои доманадор дида хатаровар аст, ки на танҳо миллати мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаву ҷони ҳазорон нафарро ба коми марг кашида истодааст. Дар ин вазъият миллати мо бо тамоми қувваю тавонаш барои саломатии халқаш мубориза мебарад, табибонаш ҷон рӯи каф гузошта барои муолиҷаи сокинони ин кишвар талош варзанд ва ҳаминро метавон нангу номуси ватандорӣ номид.

Мутаассифона нафароне ҳастанд, ки дар ҳамин рузҳои душвори миллат низ дар хизмати хоҷагони худ қарор доштаву ба суи давлату миллати хеш бо сангандозӣ мекунанд. Ин гуна инсонҳо шахсиятҳое мебошанд, ки инсонгарӣ, виҷдон, ва қарзи хизмат ба Ватану миллат, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ дар замири онҳо мурдааст.

Ин ашхос ҳадафҳои нопоки худро оиди ноором кардани кишвар амали карданианд, аммо мардуми мо кайҳо аз мақсадҳои онон огоҳанд ва онҳоро нотавонбиноне мешуморанд, ки танҳо ба бадномкунии давлату миллат мепардозанд ва барои ободӣ ва пешравии  ин кишвар коре анҷом надодаанд.

Афзуна ҚУРБОНОВА,

 устоди Донишкадаи  омӯзгории

Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh