Аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ба имзо расонида шуданд

Дирӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ қонун ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз ҷумали онҳо мебошанд.

Қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмуъ барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

Add comment


Security code
Refresh