Садои носолими чуғзони нопок!

Бемории COVID – 19 имрӯзҳо тамоми минтақаҳои оламро фаро гирифта ва ҳатто кишварҳои абарқудрати дунё низ бар зидди он ночор мондаанд ва натавонистанд барои густариши саривақтии ин пандемия вокуниши фаврӣ нишон диҳанд. Дар ин вазъияти мураккаб ва ҳассос ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар мебояд бо дарки амиқи масъалаи зикрёфта паҳлӯи ҳам истода заррае бошад ҳам, кӯмак ё дастгирии худро барои рафъи мушкилоти ба амаломада расонад.

Аммо, ба ҷои ин амалҳои инсонӣ тоифаи нобакорони наҳзатӣ нерӯи худро барои ноором кардани авзои ҷомеа равона менамояд. Дар вокунишу изҳороти охирини онҳо дар шабакаи Интернет баръало эҳсос мешавад, ки наҳзатиёни палиду разил аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии онҳо ва пешгирии бемории сироятии короновирус нодида мебинанд.

Ҷомеаи фаъолу пурқудрати Тоҷикистон метавонад бар зидди ҳама гуна вирусу микроб ва палидиҳои дигар мубориза барад ва меҳани азизи худро аз паст задани ҳар як касу нокас пешгирӣ намояд. Вале, нафарони гумроҳи ватангадо, ки худро узви Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом мешуморанд, аз ҳамагуна вирусҳою микробҳо бадтар мебошанд. Зеро, онҳо аз таваллуд бо ирсият ҷабҳаи ифротӣ дошта то ба ҳол дарсар андешаҳои солиму созанда надоранд. Баъд аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” барои тамоми тоҷикистониён кӣ будани Кабирию пайравони аблаҳаш возеҳона ошкор шуд. Модаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷигарбандашро аз даст додааст ва падаре, ки бародари писарашро гум кардааст, ё худ кӯдаке хурдсоле, ки аз падару модар ятим мондааст имрӯзҳо дард намуд, ки кушандаи онҳо кист ва ба хулосае омад, ки бояд ватанро аз ин нопокон ҳифз кард, то маротибаи дигар ба дасти чунин нокасон наафтад.Хиёнати палидонаи наҳзатиёнро танҳо ашхосе дарк мекунанд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ин душманони разил ҷазо дидаанду пайвандонашонро аз даст додаанд.

Ба созандагони филми мустанади “Хиёнат” барои ҳисси баланди ватандӯстӣ арзи сипос намуда дархост менамоем, ки интизори бесабронаиқисмҳои навбатии филми мазкур ҷиҳати ошкорсозии рӯзгори хоинони Ватан мебошем!

М.Собиров,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh