Заминаҳои ҳукуқии беҳдошти солимии аҳолӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ масъалаи ҳифзи саломатӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии шаҳрвандон ва маданияти санитариро ба таври комил инъикос карда буд.

Боиси таъкид аст, ки санадҳои мазкур модели ислоҳотро вобаста ба фароҳам овардани хизматрасониҳои нигоҳдории тандурустӣ, тиббию санитарӣ, рушди сифати кӯмаки аввалия такмили таъминот бо доруворӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, ташхис ва муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир ва ғайраҳоро ба танзим дароварда истодаанд.

Ҳар як Стратегия ва Барнома бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

 Имрӯз бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) дар ақсои олам доман паҳн намуда, марзи Тоҷикистонро ҳам убур кардааст. Ҳанӯз моҳи феврал Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва интиқоли он ба ҷумҳурӣ таъсис ёфта, баҳри ба таври фаврӣ  таъмин намудани амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводҳои безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маводҳои хӯрока тамоми тадбирҳои фаврӣ андешида шуд. Тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз корҳои иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус инчунин, таъмини фаъолияти муназзами низоми  назорати санитарию эпидемиологии мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар амалӣ шуда истодаанд.

Ҳаминро қайд кардан кофӣ аст, ки масъалаи пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати сохторҳои дахлдор қарор дорад. Барои муборизаи беамон бурдан бо ин вирус имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар чунин вазъияти ҳассос моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо наҳаросида, бо риояи қоидаҳои беҳдошт аз мушкилиҳо сарбаландона баромада, ба шароити арзандаи зиндагии пешина баргардем, зеро мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол созанда ва тавоно ҳастанд.

Исматҷон ҶУМАЕВ,
ҳуқуқшинос

Add comment


Security code
Refresh