Ҳар кӣ кунад ба худ кунад, ба дигарон чӣ суд кунад…

Мо устодони факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров тариқи телевизион ва шабакаи Интернет филми мустанади «Хиёнат»-ро тамошо карда, бори дигар хулоса кардем, ки душманони миллат барои амалӣ кардани ҳадаф қодиранд, ки даст ба корҳои зиёд  ва аз ҷумла даст ба хиёнат зананд.

Дар ҷараёни филм маълум мешавад, ки хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ чӣ тавр дар кишвари хоричӣ қарор гирифта, ба ватанфурӯшӣ ва хиёнаткорӣ машғул аст. Ин мард, ки худро пуштибон ва ҳомии пайравони Паймони миллӣ эълон кардааст, қодир аст, ки нисбати онҳо низ хиёнатро раво бинад. Кабирӣ ҳизбашро ҳизби оилавӣ кардааст ва ба ғайр аз аҳли оилаи ӯ дар Аврупо касе бо маблағи даркорӣ барои зиндагӣ таъмин нест. Хоҷагони хориҷии онҳо бошанд, пайваста талаб доранд, ки барои дар хоки Тоҷикистон иғво ангехтан кору фаъолият баранд. Албатта, барои он нафаре, ки солҳои тӯлонӣ маблағҳои калони хоҷагонашро ба даст меовард, имрӯз ҳам ҳамон корро мекунад, то хоҷагонаш розӣ бошанд, аз фитнагарӣ ва дасисаву иғво даст намекашанд.

Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш имрӯз ҳам мехоҳанд, ки вазъи кишварро ноором кунанд. Ба мардум ҳар гуна дасисабозиро раво мебинанд. Барои дастгоҳи таблиғотии ин хоинони ягон чизи муқаддас намондааст, зеро аз дурӯғ гуфтан, нодуруст сухан кардан, туҳмат задан даст намекашанд. Гӯиё ҷурналистанд, аммо ба ягон принсипи ҷурналистика такя намекунанд. Аслан, чаро такя мекарданд, дар ҳоле, ки вазифаашон фитнаангезӣ ва игвогарӣ аст, аз ҳар роҳу восита истифода мекунанд, то ин ки ба ҳадафи ғаразноки худашон бирасанд.

Дар филми мустанад доир ба роҳҳои таъмини маблағ барои террористон, гузаштани мактабҳои тамринӣ ва монанди инҳоро нишон додаанд. Муҳим аз ҳма ин аст, ки филми «Хиёнат» дар баробари он ки аҳамияти маърифатӣ дорад, инчунин барои тарбияи солими ҷавонон мадад мерасонад. Зеро дар филм чандин нафар гумроҳзадагон – ҷавонони ба доми фиреб гирифторшуда бо забони ҳолашон мегӯянд, ки чӣ тавр иштибоҳ кардаанд ва ба нокомӣ расидаанд. Боз як бори дигар ин филм ҳушдор медиҳад, ки ба разилоне, ки аз номи дини мубини ислом сухан мекунад, бовар кардан лозим нест. Ислом баръакс мардумро ба сулҳу тифоқ даъват мекунад.

Бо тамошои се қисми филми мустанади «Хиёнат» ба чунин хулоса омадем, ки бо шогирдон онро дар замони таътил тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима карда, кирдори разилонаи наҳзатиёнро маҳкум менамоем.

Бахусус, доир ба амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ва аҳли оилаи ӯ ба шогирдон маълумот  медиҳем.

Мо аҳли устодони факултети забонҳои шарқ кирдори хоинонаи Муҳиддин Кабириро сахт маҳкум карда, мегӯем, ки худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ!

Устодони факултети
забонҳои шарқи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh