Хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ ошкор гардид

Шахси хушбахт саҳарӣ дар оғӯши Ватани азизаш бо чаҳ-чаҳи парандагони хушхон бедор мешавад ва бо шукронаи Парвардигор ва манзили ободаш ба меҳнати созанда мепардозад. Бадбахт бошад, зери лаҳну лафзи бегона ва садои гӯшхароши дастгоҳҳои мухталифи техникӣ аз хоб чашм мекушояду ҳатто намедонад, ки хоҷааш ба ӯ имрӯз чӣ мефармуда бошад? Кадоме аз ин ҳолатҳо арзандаю шоистаи Инсон аст?

Дар ҷараёни тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтам, ки бадбахттарин инсон будааст, ки яке аз онҳо хоини Ватан, зодаи деҳаи Қасамдараи ноҳияи овозадори Файзобод будааст. То ин давра аз кадом маҳали Тоҷикистон будани ин хоин, ҳатто мароқ зоҳир накарда будам. Лаҳзаҳои тамошои филм нафрату ғазабам зиёда мегашт, ки як нафари ҷоҳилу фосиқ ба Ватани зебоманзару файзбори худ санги маломат меафканад. Майнаи ин тоифаро ба андозае заҳролуд шудааст, ки дар он барои фикру андешаи солим ҷои холӣ боқӣ намондааст. Зоҳираш одамӣ, вале ботинаш иблис асту нангу номус,орият ва дигар арзишҳои олии инсонӣ барои онон маъное надорад, ғайр аз садақаи хоҷагонаш. Баъд ин хоинон ба монанди Кабириву Истаравшани, Салимпуру Гадоев ва ҳамгурӯҳонашон ҳарзагӯӣ накунанд? Иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои бофтаи хоҷагонашонро ба забон наоваранд?

Мо, тоҷикистониён, соҳиби ин Ватан ҳастем ва медонем, ки сулҳу субот бо осонӣ ба даст наомадааст ва ба қадри арзишҳои миллиамон бояду шояд мерасем. Бояд аз ин филм баҳри худ ҳар яке бо ақли солим баҳо дода, хулосаи зарурӣ барорем ва барои пешрафти диёри азизамон саҳм гузорем.

М.СОБИРОВ,
Д.ҒУФРОНОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh