Нодид гирифтан носипосии маҳз аст…
- Details
- Published on Thursday, 13 February 2025 08:03
Имрӯзҳо худ шоҳиди басо тағйиротҳои созандаву пешрафти ҷомеа ҳастему аз рушди соҳоти мухталиф, дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мардум шукргузоранду бо дили гарму азми хоса дар гул –гулшукуфоии кишвар саҳмгузоранд. Албатта, худ ин созандагиву тараққиёти диёри зебоманзари соҳибистиқлоламон бо ҷонбозиҳову қурбониҳои зиёде таҳти роҳбариву кӯшишҳои зиёди роҳбарони давр ба даст омадаву то ҳол ёди он рӯзҳои пурфоҷиаи солҳои 90-уми қарни гузашта аз хотираҳо зудуда нашудааст. Вале имрӯзҳо ҳанӯзам ҳастанд шахсони аламзадаи бадсиришт, ки зери ниқоби гӯё «шахсони ғамхору дилсӯз» аз вазъияту шароити баъзе мардум истифода бурда, тариқи сомонаву шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ лоф зада, бо маълумотҳои бардурӯғи худ мардумро раҳгум заданӣ мешаванд.
Дар яке аз чунин муроҷиатҳои худ Иззат Амон бо зане, ки ному насабаш маълум нест суҳбат намуда, бо ҳаргуна суолҳои ғаразноку ҳисси бадбинӣ водор карданист, ки давлату ҳукуматро он зан душман ҳисобад. ҳарчанд Иззат Амон худро гӯё «дӯсту ғамхори омма» нишон доданӣ бошад, ҳам аён аст, ки мақсади ниҳои ӯ ва ҳаммаслакони хориҷиаш боз ҳам нотинҷ намудани кишвар мебошад.
Масалан бино ба гуфти он зани 63 сола, шавҳараш хонаашро бинобар қарздор шуданаш соли 1994 фурӯхтаасту барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Худ қазоват кунед, ин ҳодиса солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омадаву ба Сарвари давлату ҳукуматдорони давр рабте надорад, чунки ҳар шахс дар доду гирифти моддию молиявиаш озод асту касе барои хариду фурӯш ва амсоли ин амалҳо садди роҳаш буда наметавонад. Ин гумроҳи наҳзатӣ, худро тарғибу ташвиқ карданисту танҳо имиҷи «накӯкор» -иро дар назди мардум нишон доданисту халос.
Шукронаи замони имрӯз бояд кард, ки алҳол дар бозору мағозаҳо маҳсулоти ниёзи аввал фаровон буда, амнияти озуқавории мардум пурра таъмин аст. Ҳамаи он дастовардҳое, ки имрӯз мо метавонем тавассуташон чун як миллати қодир, рӯ ба рушди маънавию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ифтихор кунем, ба роҳбарии дурбинона ва кӯшишҳои ҷасуронаи ин шахсият, иқдому ҳидоятҳои босамари ӯ сахт марбутанд ва нодид гирифтани ин хизматҳои хирадмандонаву шуҷоатмандона носипосии маҳз аст.
Малоҳат Шукурова