Мубориза алайҳи вабои аср – амали дастаҷамъона

Экстремизм чун вабои аср эътироф гардида, аз оқибатҳои даҳшатангези он ҳар як сокини сайёра дар зери хавфу хатар зиндагӣ ба сар мебарад. Амалҳои экстремистӣ аз ҷониби як гурӯҳи аз фарҳангу маърифат дур ва ҷоҳил ба роҳ монда мешаванд.

Ҳадаф аз кирдорҳои бераҳмона - расидан ба мақсади нопоки худ, ноором сохтани вазъи  сиёсии кишварҳо, ангехтани муноқишаҳо байни ҷамъият мебошад.

Террорист ба ҳеҷ кас раҳм надорад, муқаддасотро намешиносад, вай Модар, Ватан, дин надорад, ҳатто модаре, ки ӯро парварид ва ба балоғат расонд, барояш қадру қимат арзиш надорад.

Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террорис-тони ба ном «Давлати исломӣ», ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад, ТТЭ ҳНИ низ аз ҷумлаи чунин гурӯҳҳост.

Рӯй овардан ва ба сафи ифротиён, пайвастани бархе ҷавонони тоҷик, ба ин гурӯҳ ки дар кишвари амну осоишта умр ба сар мебаранд, боиси тааҷҷуб аст. Ин ҷавонон фирефтаи як зумра хоинони Ватан гашта,бехабаранд, ҷони ҷавони худро қурбони ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷӣ мекунанд. Ин қабил ҷавонон раҳгумзада шудаанд ва мақсади нопоки ифротгароёнро намефаҳманд.

Ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ надодан, муҳити носозгор дар оила аз омилҳоест, ки ҷавонон ба роҳи хато мераванд.

Ман ҳамчун омӯзгор, модар мегӯям, ки вазифаи муқаддаси падару модарон, масъулияти волидон дар он аст, ки фарзандонашонро дар руҳияи худогоҳиву ифтихори ватандорӣ парвариш намоянд.

Давлати мо мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро татбиқ менамояд.

Ҷавонон бояд аз чунин амалҳои нангин худро дар канор гиранд ва дар рушду пешравии кишвари худ саҳмгузор бошанд. Агар мо тарбияро дар ҷомеа, оила, муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монем, моҳияти масъаларо дуруст фаҳмонем албатта ин раванд кам мешавад.

Имрӯз, ки зумраи хоинони Ватан сулҳу суботи моро дида ҳнаметавонанд, бояд ҳушёриро аз даст надиҳем, зеро ҳоло доғи ҷанги шаҳрвандӣ аз хотирамон нарафтааст.

Насиба Шукурбоева,
омӯзгори МТМУ№11,
ҷамоати шаҳраки Палос

Add comment


Security code
Refresh