Хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Воқеан ҳам вақте, ки дар бораи пешрафт ва ё ин ки рушди молиявии як ё ду нафар андеша меронед, ҳатман суоле ба миён меояд, ки ин пулҳо аз куҷо омадаанд?

Он гоҳ мо талош мекунем барои посух ёфтан ба суолҳои зиёди худ ба ҷустуҷӯйи санадҳо ва маълумотномаҳо аз ҳар манбаъ шавем, то ҳақиқатро дарёбем ё аниқтараш посухи амиқро бигирем. Ҳамдеҳагони роҳбарии ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ҳам ҳар рӯз дар ҳамин андеша буданд.

Албатта, тарғиботи ин фард низ кайҳо боз ба роҳ монда шуда буд ва пули реклама ҳам аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон пардохт мегардид. Хоҷагони хориҷии Кабирӣ ононе, ки солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро ташкил карда буданд ва ҳамчунин чандин ташкилотҳои террористӣ мебошанд, ки пайваста аз ҷиҳати молиявӣ таъмин менамоянд, то  хиёнаткорияшро афзун  кунад.

Ин ватанфурӯш ҳар сол чандин сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ анҷом медод, ки мақсад аз он низ хоинӣ ва ватанфурӯшист! Аммо ҳанӯз ҳам дар шинохти Кабирии манфур ва террорист, ки имрӯзҳо худро яке аз ҳомиёни Ватану миллат меҳисобаду дар асл душман ва хоини Ватан мебошад, бархе ашхос ба хатот роҳ медиҳанд.

Худи ҳамин фирор намудани ҳамаи аъзои ТТЭ ҲНИ ба кишварҳои Аврупо далели он аст, ки ин он аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешаванд, агар не, барои чандин ватанфурӯшу террорист, ки аз сиёсат фарсахҳо дуранд, ҳарза гуфтану мудохила кардан ба сиёсат чӣ зарур аст? Маълум мешавад, ки ин наҳзатиёнро хоҷагони хориҷияшон супориш медиҳанд, то ба сиёсати кишвари мо мудохила намоянд, миллатро гумроҳ созанд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Ҳатто таъсиси чанд сомонаи ифротӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет, ки аз ҷониби наҳзатиён ташкил карда шудаасту туҳматномаҳо ба нашр мерасонад, аз тарафи ҳамин хоҷагони хориҷияшон маблағгузорӣ мешавад, ки ин воқеан ҳам аз дурӯягиву хоинии наҳзатиён шаҳодат медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин рафтор ва муносибати наҳзатиён худ нишон медиҳад, ки чӣ тавр ин палидон зархариди душмани миллату ватани хеш гардидаанду барои ду танга ба чӣ хиёнатҳое қодиранд?

Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ба наҳзатиён чӣ намерасид, ки даст ба хоини ва ватанфурӯшӣ заданд?

Оре, посух ба ин суол яктост, ин ҳам бошад ниҳоди нопок ва тарбияи нодуруст мебошад.

Албатта, хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯз ҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик минҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар.

Банда аминам, ки миллат ин хиёнат ва душмании наҳзатиёнро нахоҳад бахшид, зеро он хиёнате ки наҳзатиён солҳои 90-ум анҷом дода буданд, он даҳшате ки бар сари миллат оварда буданд, то ҳол аз хотираҳо зудуда нашудааст ва зангори кулфатҳои он рӯзҳо аз дили мардум шуста ҳам нагардидааст, ки  наҳзатиён дубора даст ба хиёнат зананд.

Ҳарчанд имрӯз хоинони миллати тоҷик дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо иштибоҳе беш нест. Онон ҳатман барои кирдорҳои хеш ҷавоб хоҳанд дод.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи куҳӣ металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh