Рӯсиёҳу иғвогаронро низ бояд шинохт!

Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад, ки онро бояд дар ҷомеаи муосир мақсаднок истифода намуд. Суръати баланди иттилоот ва технологияи интернетӣ дар муошират, дастрасӣ, қабул ва ирсоли иттилоот дар фурсати кӯтоҳ ба афзоиши суръати кору фаъолият кӯмак расонида, ба шаҳрвандони чи дохилӣ ва хориҷи кишвар хизмат мерасонад. Аммо, баробари осон намудани кору фаъолият ва нишондодҳои мусбат таъсири манфӣ ҳам расонида метавонад.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат 3,” ки тавассути телевизион ба тамошобинон пешкаш гардид, ҳамин қабил гуруҳҳои фиребгару иғвоангезонаро муаррифӣ кард.

Натиҷаи роҳ ёфтани бештари ҷавонон ба ин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки бархе ҷавонон ҳанӯз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурӯғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд. Ва ҳамин боиси пайвастани онон ба ин гурӯҳҳо гардидааст. Чунончи аз филм бармеояд, дастрас намудани иттилоои бардурӯғ ва гирифтани маблағҳои калон аз хориҷӣ нишонгари он аст, ки дар қафои он таблиғгарони ТТЭ ҲНИ истодаанд. Имрӯз чеҳраҳои сиёҳу доғдори ҳар кадоми онҳо, зиндагинома ва таърихи паноҳандагӣ ҷустани онҳо дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ маълум гардид.

Онҳо бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ва ҷалби шахсони ноогоҳ боз вазъи кишварро ноором карданианд.

Пас аз тамошои навори филми ҳуҷҷатӣ ба ҳамин саҳифаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар андохтам, ин шахсиятҳои дарбадари хоинро аз наздик шинохтам ва бо қалами мардумфиребонаи онҳо ошно гаштам.

 Бо хитоб ба мардум ва ҷавонони тоҷик мегӯям, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, бори дигар ин филмҳоро тамошо кунанд ва аз ин гурӯҳу инсонҳои хабаркаш ва зархариди хориҷиён дурӣ ҷӯянд. Ба маълумоту хабарҳои беасоси онҳо гӯш надиҳанд. Зеро мо кишвари худро бо муттаҳидӣ ободу зебо гардонида метавонем ва ҳеҷ гоҳ барои хира гардидани фазои сулҳу оромии он намегузорем ва нахоҳем гузошт. Ҳадафи мо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ваҳдат ва ҳаёти осоишта аст.

 Гулафзо ҶӮРАЕВА,
 муаллимаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh