Кирдорҳои хоинонаи ҳизби мамнӯъ фош шуд

Кирдорҳои хоинонаи роҳбарият ва аъзои ин ҳизби мамнӯъ ҳанӯз аз  солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар барои ҳамагон маълум шуда буд. Лек наҳзатиёни маккор худро мусича барин бегуноҳ вонамуд мекарданд ва дар рӯйи худ ниқоб гирифта буданд. Охиру оқибат ниқоби онҳо кашида шуд. Амалҳои онҳо рӯи об баромад.

Имрӯз мутаассифона, бархе аз нафарон дар хориҷи кишвар қарор дошта, бо ҷамъомадҳои ғаразноки худ мақсад доранд, ки вазъи ороми Тоҷикистонро вайрон намоянд. Нафароне, ки имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо чунин муроҷиатҳои худ мехоҳанд, ки фазои ҳамдигарфаҳмиро дар Тоҷикистон таҳриф намуда, аз он пеш аз ҳама барои худ манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии боғаразонаро бурд карданӣ ҳастанд.

Таъкид ба маврид аст, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои ҷанги шаҳварндӣ, ки касе намехост ба мансаби баланди давлатӣ таъин шавад ба майдони сиёсат омада, бо ҷонбозиҳои зиёд ва музокироти тӯлонӣ дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор намуданд. Яке аз иқдомҳои ҷавонмардона ва тадбирҳои хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат бахшишу авфи мухолифони давлату миллат буд, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ буданд. Ҷонбозиҳои Ҳукумати мамлакат буд, ки боз халқи тоҷикро аз мардуми парешон сарҷамъ намуда, садҳо ҳазор гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид ва дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфт ва ин раванди бунёдкорӣ то ба ҳол идома дорад.

Пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолияти кишвар ба туфайли заҳмату талошҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷиҳати иҷтимоӣ - иқтисодӣ пешравиҳои назаррасро ноил гардидааст. Аммо, душманону миллитаи мо намехоҳанд, ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Ин тоифа даст ба исёну сияҳкорӣ зада, андешаҳои худро ба мардум таҳмил мекунанд. Вале халқи меҳнаткаш ва худогоҳу худшиносӣ мо ба дурустӣ дарк кардаву сиёҳро аз сафед ҷудо намуда метавонанд.

Инсон баъди шунидани чунин суханҳои тӯҳматомез нисбати давлати худ, аз ҷониби ин зархаридон ангушти ҳайрат мегазад ва ба таърихи начандон дури онҳо назар меафканад.

Мо, ба даргоҳи Яздони пок шукргузорӣ менамоем, ки дар Ватани ободу озод зиндагӣ ва кору фаъолият мебарем. Барои мо, ҷавонон тинҷиву оромии мамлакат, аз ҳамагуна сиёсатбозиҳо авлотару болотар аст. Мо тарафдори он нестем, ки ба номи озодиву демократия, миллати мо оғӯштаи хун шавад. Ин гуна сенарияро як бор миллати мо аз сар гузаронд. Мо тарафдори онем, ки озодии инсон дар доираи қонун ва Конститусия бошаду ин озодии ӯ, ба аҳли ҷомеа ва дигарон монеа ворид насозад.

Изҳороти устодони кафедраи молия ва қарзи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh