Бадӣ магар оини ҳамсоядорист?

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки барои ба мувофиқа расидан кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва сокинони марзии ду ҷониб муноқишаҳои солҳои гузаштаро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорида буданд. Муноқишаҳои навбатӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ ду маротиба сурат гирифт, ба беҳбудии муносибатҳои ду кишвар бетаъсир нахоҳад монд.

Чи тавре, ки огаҳ ҳастем, субҳи 24-уми май дар марзи деҳаҳои Пули Офтобрӯяи Ҷамоати деҳоти Ворух ва деҳаи Чичилиқи Қирғизистон байни сокинон муноқиша рух додааст. Ин муноқиша ба тирпаронии байни марзбонҳои тоҷику қирғиз оварда расонида, дар натиҷа марзбони 19 - солаи тоҷик Давлатёр Зоиров аз пояш захмӣ шудааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон чӯпонҳои қирғизро гунаҳ- гор кардаанд, ки вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, даст ба муноқиша задаанд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғи- зистон баръакс, иброз медорад, ки гӯё аввал афроди ношинос аз қаламрави Тоҷикистон ба сӯи марзбонони Қирғизистон тир кушода бошанд. Дар ин муноқиша ягон нафар аз ҷониби Қирғизистон осеб надидааст.

Ин муноқишаҳо дар мавриде сурат мегирад, ки халқи ҷаҳон барои муқобила бо густариши бемории коронавирус мубориза мебарад. Ин ду кишвари ҳамдину ҳамсояву ҳаммарзро мебояд содиқона ва бо дастгирии якдигар бар зидди ин вабои аср, ки ҷони ҳазорон нафарро ба коми марг кашидаву ҳазорони дигарро бо шадидияти дард маҳкум менамояд, мубориза баранду баҳри сулҳу ободии якдигар камари ҳиммат банданд.

 Афзуна ҚУРБОНОВА,
устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh