Террористон чиро пешниҳод мекунанд?

Баъди мутолиаи сӯҳбати Радиои Озодӣ бо М.Кабирӣ ва С.Валиев дар расонаҳои хабарӣ мо боз як бор шоҳиди он гардидем, ки баъзе шахсон бо мақсадҳои нохалафи худ аз лаҳзаҳои ба худашон муносиб истифода намуда, оромии кишварро халалдор сохтанӣ ҳастанд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолият Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ байни давлатҳои дигар мавқеи мустаҳками худро ноил гашт. Барномаҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон буданд, ки мамлакат ба ҳадафҳои асосии худ тавонист ноил гардад. Ин ҳам бошад, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолият мавҷуд буд.

Нахуст чорумин барномаи стратегии миллӣ, яъне гузаштан аз давлати аграрӣ - саноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёт бомуваффақият амалӣ гардида истодааст. Исботи ин суханонро халқи тоҷик тӯли солҳои охир мушоҳида намуда истодааст. Бунёди нерӯгоҳҳои барқии бузург, шоҳроҳҳои автомобилии дорои аҳамияти минтақавӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи озуқавории хушсифат далели ин гуфтаҳоянд. Илова бар ин беҳтар гардидани некуаҳволии халқ, корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо то марказу деҳоти ноҳияҳои дурдаст, бунёди иншоотҳои бузург, биноҳои истиқоматии ҳозиразамон, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, беморхонаҳои талаботи замонавӣ исботи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда “мӯҳтарам” Муҳиддин Кабирӣ аз фурсати шароити номусоиди ҳозира, яъне авҷи бемории коронавирус ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, истифода карда, ҳукуматро ба барканорӣ даъват намуда, таъсиси Шӯрои миллиро пешниҳод карда истодааст, ки ин ба фикри мо кӯшишидушманони дохиливу берунӣ барои сиёҳ кардани Ҳукумати Тоҷикистон ва аз нав ба нидо овардани муноқишаҳои сиёсиву ҳизбӣ оварда мерасонад. Солҳои пеш халқи тоҷик ҳамаи инро аз сар гузаронидааст.

Дар ин ҳолат халқи тоҷик бояд аз бозиҳои паси пардагии чунин шахсон ба мисли М.Кабирӣ канораҷӯӣ намояд, чунки ин боиси фоҷиаҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва аз нав аланга гирифтани муноқишаҳои байни ҳизбиву минтақавӣ хоҳад гашт.

Албатта морафтори ин гуна шахсонро маҳкум менамоем, зеро онҳо дастгири халқ нестанд, онҳо аз ин вабо, ки ба сари мардум омадаастуонҳо наздиконашонро аз даст медиҳанд истифода бурда, ҳангомасозӣ мекунанд, халқи тоҷикро ба таҳлука меандозанд.

Мо боварӣ дорем, киин вазъияти ба амаломадаро вобаста ба бемории Ковид 19 бо кӯшишу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони барӯмандимамлакат, табибон, соҳибкорон ва тамоми халқи бофарҳанги тоҷик паси сар менамоем.

Изҳороти кафедраи фонетика ва лексикологияи
забони англисии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh