Таҳқир пушаймонӣ орад...

 

 

 

Имрӯз иддае аз тоҷикони бурунмарзӣ ва алалхусус, он нафароне, ки тинҷиву оромии кишварро дида наметавонанд ва барои нотинҷ шудани вазъи кишвар тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Дар ин марҳалаи гузариш барои мо дастгирии моддиву маънавии ҳамдигар хеле зарур аст. Дӯстро дар вақти мусибату вазнинӣ мешиносанд, аз дур истода, даст ба ҷудоӣ задан нишоне аз бадӣ ва нопокии инсон аст.

Имрӯз инсонҳои бонангу номуси худотарсу хайрхоҳи миллат чӣ дар дохили Ватану чӣ дар хориҷи кишвар даст ба кӯмаки мӯҳтоҷон зада, бо тамоми роҳҳо ҳамдигарро дастгирӣ намуда, охирати худро дар ин асос обод карда истодаанд, вале боз шоҳиди рафтори нафароне ҳам ҳастем, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ошкорову бо номҳои сохта даст ба бадномкунии ҳукумат зада, мардумро ба муқобили ҳукуматдорон мегузоранд. Дар ин маврид мехоҳам ҳадисеро аз Пайғамбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон) биёрам, ки фармудаанд: ”Ҳар кӣ ба панҷ тоифа таҳқир, хорӣ кунад, панҷ зарар бинад: Ҳар кӣ ба уламо иҳонат (таҳқир) кунад, динро аз даст бидиҳад, ҳар кӣ ба зимомдорон (давлатдорон) таҳқиру хорӣ кунад, дунёро аз даст диҳад, ҳар кӣ ба ҳамсоя беэътиноӣ кунад, аз манфиатҳо маҳрум шавад, он кӣ хешонро сабук шуморад, ҷавонмардиро аз каф бидиҳад ва он ки ба ҳамсар таҳқир намояд, лаззату ширинии зиндагиро барбод диҳад”.

Н.ҲИДОЯТОВ,
 ходими дин аз шаҳри Конибодом

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh