Танҳо рӯсиёҳиву табоҳии наҳзатиён боқӣ хоҳад монд!

Ҷойи дард ва ғам ва нигаронӣ аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар панҷаи бадсиголи коронавирус (КОВИД-19) қарор доранд. Ҳатто кишварҳои мутамаддин ва тараққикарда, дар мисоли Амрико, Русия, Хитой, Олмон, Фаронса, Италия, Испания ва ғайра натавонистаанд, дар баробари ин вурус истодагарӣ карда, онро мағлуб намуда бошанд. Баҳс сари тавоноӣ ва ғанимандии кишварҳо намеравад, ин ҷо бояд бар он андешем, ки чӣ қудрат ва кадом давлат метавонад дар баробари ин вабои аср истодагарӣ карда бошад? Ҷавоб равшан ба дақиқ аст, ҳамон миллате ва қудратеву давлате коронавирусро таслим карда метавонад, ки миллат бо ҳукумат бошад ва ҳукумат бо миллат! Хушбахтона, миллати тоҷик ҳамеша бо ҳукумати кишвар низ ҳамеша бо мардуми худ аст! Аммо чанде худбохтагон, ки дар мушхонаҳои кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ камин гирифтаанду аслу зоташон рӯшан нест, зидди мардум ва ҳукумати мо ҳар гуна айбномаҳои беасосро мебофанду тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.

Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон бештар вақт аз дини поки Ислом сӯиистифода карда истодаанд. Инҳо на рӯ доранд, на виҷдон доранд, агар медоштанд аз Худо шарм мекарданду динро барои амалӣ гаштани ғароизи нопоки хеш аслиҳа қарор намедоданд. Инҳо фиребгар ва авбошу ватанфурӯш ҳастанд. Пешравӣ ва дастовардҳои миллати тоҷикро чашми дидан надоранд.

Ёд дорам, ки дар яке аз баромадҳояш яке аз ӯ савол карда буд, ки он ҷавононе ки ба гумроҳӣ кашидӣ, ба ҷанги Сурия равона кардӣ, ва бисёре аз онҳо дар натиҷаи иғво ва касофату раҳнамоии ту ҳалок гаштанд, агар рӯзе расаду бо волидони онҳо рӯ ба рӯ шавӣ чӣ ҷавобе хоҳӣ дод?

Ҷавобаш хеле соддалавҳона буд, ки гуфт, онҳо худ ин роҳро интихоб намуданд. Эй лаин, агар ту касиф намебудӣ, ба айби худ иқрор мешудӣ. Онҳоро ту бероҳа кардӣ, ту террорист намдудӣ, дилҳои падару модаронро хун кардӣ, чандин занонро бева ва фарзандонро сағира намудӣ.  

Юнус Бурҳонов ҳам яке аз дигар наҳзатиҳои муттаҳам аст. Духтари мулло Маъруфҷони Истаравшаниро бо роҳи фиреб гирифтӣ, бечора дар зиндони Ӯзбекистон фавтид. Имрӯз ин лаин ва худбохта ва роҳгумзада, ки шанъу шараф надорад, худро ба бозор гузоштааст. Муҳаммадиқболи Садриддин касифи дигарест, ки пайрави Аҳриману иблису Заҳҳоки морон аст. Ин берӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳай мебофаду мелаққад. Аммо як лаққие бош набудаву нест.

Касифии ин тоифа дар он аён мешавад, ки ҳеҷ арзише  надоранд. Танҳо ба хоҷагони аҳриманкеши худ итоат мекунанаду бас. Худ ҳам шайтонзодагонанд.

Табибон ваксинаи бемории сироятии коронавирусро пайдо ва башарро аз шарри ин вабо халос хоҳанд кард. Ва ҳар зараррасонандаи банни одам номгум хоҳанд шуд. Танҳо дар ин ҷо рӯсиёҳиву табоҳии наҳзатиён боқӣ хоҳад монд.

Умед КАРИМОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh