ПОКӢ АЗ ИМОН АСТ!

 

 

 

Вазъи имрӯзаи ҷаҳонро вобаста ба паҳншавии бесобиқаи коронавирус ба инобат гирифта, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани халқи Тоҷикистони азизамон аз сироятёбӣ ба ин вабои аср ходимони дин ба эътибор ва роҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пеш гирифта, ҳамроҳи мардум мебошанд, ки онҳо бояд ба таҳлука ва саросемагӣ наафтанд. Ин бемории марговар аз як шахс ба шахси дигар, аз як макон ба макони дигар мегузарад.

Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди одам то имрӯз бемориҳои гуногунро аз сар гузаронид, лекин ин вабои асри ҳозира аз онҳо фарқ мекунад. Ягона роҳи сироят наёфтан эҳтиёткорона ба суханони мутахассисон гӯш карда, ба берун безарурат набаромадан аст. Паёмбари Ислом гуфтаанд: «Агар шумо хабардор шавед, ки дар фалон шаҳр бемории гузаранда пайдо шудааст, агар дохили он шаҳр бошем, ба берун набароед, агар дар берун шаҳр қарор доред, вориди он шаҳр ё деҳа нашавед».

Ин тавсияи Паёмбар (с) маънои худдорӣ, эҳтиёт ё карантинро дорад.

Саъдии бузург мегӯяд, ки:

Ту, ки аз ғами дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Дар ин вазъияти нигаронкунанда бояд ҳар нафар худ ва наздикони худро аз ин вабои асри ХХI нигоҳ дорад.

Он тавсияҳое, ки мутахассисони тиб ба мо медиҳанд, ба монанди даст, рӯй ва биниро бо оби гарм бишӯем, як роҳи пешгирии сироят ёфтан аз беморӣ мебошад. Дар ҳадисе омадааст: «Тозагӣ нисфи имон мебошад!» Яке аз ҷойҳои ҷамъшавии мардум ин масҷид мебошад, ки аз ҷониби Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои он баста, намозҳои ҷамоат, ҷумъа ва таровеҳ то бартараф ёфтани ин беморӣ манъ карда шуд.

Аз ҳар як шаҳрванди мамлакат қотеъона хоҳиш менамоем, ки дар ҳаққи одамони бегуноҳ зомин нашавем, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ба бемории марговар нигоҳ дошта, баҳри солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ камари ҳиммат баста, ин вабои асрро аз мамлакат дур созем.

Ҳ.ЗОКИРОВ,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими
ноҳияи Ҷаббор Расулов,
А.ҲОҶИЕВ,
сархатиби ноҳия

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh