ДАРЁ ПАЛИД НАМЕШАВАД АЗ ДАҲОНИ САГ...

Боиси таассуф ва нигаронист, ки мухолифини беинсофи миллат аз фурсати муносиб, яъне даврони мушкиле, ки ба сари аҳли ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо омадаст, истифода карда, ҳуҷумҳои беасос ва бемантиқи худро ба унвони миллати мо аз ҷумла, Пешвои миллат равона мекунанд.

Барои хурду калон хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, пеши роҳи хатари нобудии давлатро гирифтан, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намудан, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтан, Артиши миллӣ ва нерӯҳои марзиро таъсис додан ва зиндагии ободи имрӯзаро рӯи кор овардан равшан аст. Пешвои миллат давоми фаъолияти худ заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд. Набояд фаромӯш кард, ки маҳз натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки имрӯз бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо мардум зиндагии хуб дорад, аз гуруснагӣ эмин ва аз пайи саломатии хеш аст.

Ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби хиёнаткори наҳзат чун ҳамешагӣ аз пайи низоъ аст, аз ҷумла, яке аз хоинони миллат бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ободию пешравиҳоро нодида мегирад. Имрӯз агар бо сабаби касалии коронавирус хабари фавти чанд нафареро шунавад, воҳима карда мегӯяд: "Душанбе баъди соли 1992 дубора бӯйи хун мекунад" аммо намегӯяд, ки "то ба мансаб омадани Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби хиёнаткори наҳзат сабаби рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ гардид" ё намегӯяд, ки бо сабаби ин беморӣ то имрӯз дар Амрикову Аврупо ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд. Агар аз беморӣ чанд нафар вафот карда бошад, ин айби Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд,"Вақте ки дар Чин, Амрико, Итолиё, Олмон ва садҳо давлат одамон вафот карданд ҳеҷ кас нагуфт, ки ин айби Роҳбари давлат, аммо хоинони миллати тоҷик мегӯянд, ки ин айби роҳбари Тоҷикистон аст.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон М.Садриддин ва ҳаммаслаконашро ҳамчун хоини Ватан мешиносанд ва аз дасисаҳои бардавому бемантиқи аъзои ташкилоти экстремистӣ - террористии наҳзат безоранд.

Яке аз аъзои дигари ин ташкилоти террористӣ бо дастури Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоии "Рисолат-тч.сом" худро дар ин айёми паҳншавии бемории коронавирус аз рӯи ҷаҳолат дилсӯзи миллат нишон дода, ба ғайбат мепардозад, дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон носазо гуфта, мехоҳад иззату эҳтироми Пешвои муаззамро коста гардонад. Аммо намедонад, ки эҳтироми Пешвои муаззами миллат дар дилу дар дидаи ҳар як нафар ҷой гирифтааст.

Дар Тоҷикистон ҳама хуб медонанд, ки аъзои ҳизби хиёнаткори наҳзат ободию гул - гулшукуфоии Точикистонро чашми дидан надоранд, далели равшани он даъвоҳои беасоси М.Садриддин мебошад, ки дар моҳи мубораки Рамазон дар ҳаққи Пешвои миллат айбҷӯӣ намуда, шарм надошта мегӯяд, ки дар Тоҷикистон бо айби Эмомалӣ Раҳмон сирпиёз қимат шуд, аз ин беақлии зиёд намешавад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки ин амали душманони миллат фақат ба хотири худнамоишдиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ангезиши низоъ дар ҷомеа аст ва мардум ҳаргиз ба он бовар намекунанд. Ба қавле “Ҳеҷ гоҳе аз алолои сагон боз намегардад зи роҳаш корвон”.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
номзади улуми суханшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh