Коронавирус ва дасисаҳои нави ТТЭ ҲНИ

Ҳарчанд дар бисёр кишварҳои олам сар задани пандемияи СOVID-2019 ҳолати нигаронӣ ба миён омадааст, набояд парешонхотиру рӯҳафтода шуд. Зеро роҳҳои табобати ин беморӣ имрӯз пайдо шудааст ва ҳолатҳои шифоёбии гирифторшудагон низ рӯз ба рӯз меафзояд, ки натиҷаи заҳмати табибон мебошад.

Чизи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи кишварамонро нигарон кардааст, рафтори хоинони миллат аст, ки ҳар рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр мерасонанд.

Ҳоло Кабирӣ чанд пешниҳоди муғризона кардааст, ки ба дарди касе намехӯрад ва ягон асоси воқеӣ надоранд. Зеро чуноне ки медонем, вай ба хотири манфиатҳои худу хоҷагони хориҷияш кӯшиш менамояд, то аз ҳамин ҳолат ҳам сӯиистифода кунаду дар пеши ҷавонони гумроҳкардааш худашро доно ҳисобад.

Имрӯз, аксарияти ин ватангадоён шукри Ватани орому осуда накарда, сафсатахонӣ мекунанд ва фикр мекунанд, ки онҳоро ҳамагон мешунаванду мехонанд. Лек дар асл бошад, ба ин касе таваҷҷуҳ надорад ва чеҳраи воқеии ӯро кайҳо ҷомеа шинохтааст.

Мо ин ҳама сафсатаҳои хоинони миллатро, ки нияти бад рӯи коғаз меоранд ва бо чашми каҷ ба кишвари худ менигаранд, маҳкум менамоем ва ба ҷавонон гуфтанӣ ҳастем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти сарзамини худ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Д.ДАВЛАТОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh