Робитаи онҳо бо террористон ошкорост!
- Details
- Published on Thursday, 16 January 2025 10:14
Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар ба корҳои созандагиву ободонӣ сафарбар гардида, қабл аз ҳама, барои ба даст овардани ризқу рӯзии худ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониашон дучанд меҳнат карда истодаанд, то ки як рӯзи баҳор барои пошидани ғалладонагиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ барои рӯзгори онҳо муҳим ва дар ниҳояти кор ба сериву пурии дастархонашон мусоидат менамояд.
Ҳукумати кишвар барои пешгирии ин вабои аср тамоми ҷидду ҷаҳдашонро равона менамояд, то ки пеши роҳи сироятёбии шаҳрвандон аз вабо гирифта шавад.
Дар ҷумҳурӣ ва вилояту шаҳру ноҳияҳо ситоди пешгирии ин беморӣ амал намуда, шабу рӯз аъзои он ба меҳнати 24 соат заҳмат мекашад. Хизмати табибон шоистаи таҳсин мебошад. Имрӯзҳо хатари ҷиддии паҳншавии вируси корона ва илтиҳоби шуш тамоми аҳли ҷомеаи башар ва аз ҷумла, Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро низ азият дода истодааст.
Имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дасти ҳам гирифта, алайҳи ин вабои мудҳиш муборизаи беамон мебаранд.
Мутаассифона, ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи бархе аз нохалафон ва хусусан, дар хориҷа ҳамчун гуреза қарор доштагони хиёнаткорони давлату миллати Тоҷикистони соҳибистиқлол аъзои ҳизби экстремистӣ - террористии наҳзат аз вазъи паҳншавии вируси корона истифода бурда, мардумро ба таҳлука ва нобовариашонро ба давлату ҳукумат роҳнамун намуданианд.
Бори дигар пайравони ТТЭ ҲНИ баръало нишон доданд, ки дар ҳеҷ лаҳза сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоранд.
Агар ба фаъолияти таърихии ташкилоти ҷадиди террористии исломӣ Давлати исломии Ироқу Шом назар намоем, мусаллам аст, ки тамоми ваҳшонияти давоми солҳои фаъолияти хеш анҷомдодааш шабеҳи амалҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мафкураи ТТЭ ҲНИ ба кирдор ва амалу ваҳшонияти ДИИШ як сару гардан буда, фаъолияти хеле ва хеле шубҳаноку ҳаммонанди онҳо нишонаи баръалои ин гуфтаҳост.
Метавон бо ба назаргирии умумиятҳои мавҷуда хулоса намуд, ки байни аксари ташкилотҳои экстремистию террористӣ ва аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ ҳамкории нақшавӣ ба назар мерасанд ва ин далели он аст, ки онҳо аз ҳеҷ мушкилие, ки ба сари кулли башар меояд, аз ҷумла эпидемия, пандемия, обхезиҳо, заминларза ва дигар офатҳои табиӣ аз вазъи ба амаломада истифода бурда, бо кирдорҳои номатлуби разилонаи худ мехоҳанд мардумро ба нобоварию таҳлука ва саргардону сарсон намоянд.
Ин амал, кирдор ва рафторҳои разилонаи душманони миллату давлат дар ин рӯзҳои фоҷиабори сокинони сайёра бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки робитаҳои мунтазами ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат ва «Ихвон-ул-муслимин», ДИИШ аз далелҳои исботшудаи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сарчашмаи ягонаи ақидавӣ ва робитаи мустаҳкам доштани онон бо дигар ташкилотҳои террористӣ ба таври густурда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода шавад.
Сӯҳроб РУСТАМЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими МИҲД-и вилоят