Таҳаммулгаро бошем, на рӯҳафтода

Дарвоқеъ вазъияти имрӯза ба сабаби паҳншавии бемории сироятии  COVID-19 касеро наметавонад бетараф ва беташвиш гузора. Чи илоҷ, ки  ин бемории каснодид тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, мутаассифона, марзи Тоҷикистонро низ убур кард. Маврид ба зикр аст, ки миллати таҳаммулгарову дар тӯли таърих ва ҷаври рузгор рӯ барӯгаштаи тоҷик ҳамаи душвориҳоро сарбаландона паси сар намуда, дар қӯраи матонату иродат обутоб ёфтаааст. Итминони тамом аст, ин миллат бо хираду  фаросати азалӣ мушкилии навбатӣ-вабои аср - пандемияи COVID-19-ро низ дар муддати кӯтоҳ паси сар мекунад.

Мутаассифона, гурӯҳҳои ифротию наҳзатии ба мо маълум, ки тайи солҳост фитнаву дурӯғ, кинаю иғво ва хиёнатро меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд, аз таъбу вазъи мардум истифода бурда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда сохтанӣ мешаванд.   Пайравони ин гурӯҳҳои наҳзатӣ бо сарварии саркардаҳояшон Кабирию Гадоеву Саидюнусҳо   тавассути минбарҳои Ахбор ком, Ислоҳ ТВ, Паймон ТВ,  радиои “Озодӣ” ва чанди дигар маҳсулоти “фабрикаи ғаразу ҳасаду фитнаро”  зиёд карда истодаанд. Дигар ба инҳо мо чизе гуфтанӣ нестем, зеро ин тоифаи намакзадаро ҳар шахси соҳибхиради Ватан хуб  мешиносад ва гуфтаҳои ононро чун ҳарзае  беш қабул намекунад. Мардум медонанд, ки ягона андешаи онҳо гумроҳ кардани халқ аст. Инҳо аз дарди миллат табли шодӣ мезананду  дар рӯзи шоди он мотам мегиранд. 

Рисолати инсониву шаҳрвандии мо дар он аст, сари масъалаи саломативу санитарӣ ва ҳарчӣ зудтар бартараф кардани ин бемории умумиҷаҳонӣ андеша кунем.

Мардумро, ки каме ба таҳлука афтодаанд, ором кунем, ахбору омори дақиқро ба  сокинон фаҳмонем, нагузорем, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар кунанд. 

Вобаста ба ҳарчӣ зудтар бартараф кардани бемории коронавирус, ки имрӯз мавзӯъ ва доғи рӯз гаштааст, хушбахтона, тадбирҳои авваалиндараҷа андешида шудааст. Ситоди ҷумҳуриявӣ ва ситодҳои маҳаллӣ фаъолият намуда,  вазъият зери назорат бахусус зери назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

 Масъулони кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод тибқи нақшаи ситод ва дастури кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд чандин чорабиниҳо аз қабили тақсимоти ниқобҳо, варақаҳои тарғиботӣ, мурочиатнома, сӯҳбату мулоқоти фаҳмондадиҳӣ, омода намудани корҷомаҳо ва маводи санитариро ташкил намудаанд, ки ҳадаф танҳо пешгирии афзоиши беморӣ ва ҳарчӣ тезтар бартараф гаштани он мебошад.

Туйғун ШАРИФЗОДА,
раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh