Эй нохалафон! Донед, ки ин марз соҳиб дорад

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро имтиҳоне пеш омадааст, ки мутаассифона, паҳншавии он то ба кишвари азизу ҷавони мо омада расид. СOVID-19-ро метавон вабои аср номид, зеро шумори мубталоёнаш дар саросари ҷаҳон афзудаву ҳамчунин, инсониятро ба марг таҳдид намудааст.

Тоҷикону тоҷикистониён бисёр санҷишҳои вазнину рӯзҳои мудҳишро паси сар намудаанду хушбахтона, ба сулҳу субот ва оромиву осудагӣ расидаанд, ки ин албатта, кори саҳл нест.

Мутаассифона, ба қавле: “Чашми бади душман ба кишвар расид”, ки имрӯз бархе аз нохалафон аз дур истода “қарсак” мезананд, дурӯғ мегӯянд, дасиса мебофанд, зеро онҳо хоину нохалафу беинсофанд.

Оё онҳо бо суханони ноҷои худ бовар доранд, ки мардуми тоҷикро гумроҳ мекунанд? Ҳаргиз! Не! Зеро тоҷикони ориёитабор ба дасисаҳои беасоси душманони ба қавли худашон “алавандоз” бовар надоранд. Охир онҳо меросу гузаштаи гаронарзиши худро ба хубӣ медонанд. Ифтихори миллӣ доранд.

Эй нохалафони беинсоф! Дар ҳаққи Роҳбари давлати тоҷикон, муовинону ҳамфикрони ӯ ва ҳизби бонуфузи мардумиаш, ки беш аз 500000 нафар аъзо ва ҷонибдорони худро дорад, суханони бардурӯғро чӣ тавр мебофед? Аз он, ки тиратон боре ҳам ба нишон нарасидааст, аз он, ки мардуми тоҷик ба ҳилаву найрангҳои беасоси шумо бовар надоранд, аз он, ки имрӯз мардум дар сари андешаи раҳоӣ аз бемории навъи коронавирус ҳастанд, гӯё ба “майдони муҳориба” омадед, шарм ҳам намедоред. Тиратон ба нишон нахоҳад расид.

Бидонед, ки ин марзу бум соҳиб, дару дарвоза ва сокинони бонангу ор дорад. Намегузорад, ки ягон нохалафе, беватане сулҳу салоҳ ва оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор созад.                                                

  Фирӯза ШЕРМАТОВА,
муовини раиси кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh