Раҷаббой Аҳмадзода - Раиси вилояти Суғд: Хизмати Ватан амри фархундаву шоиста аст!

Санаи 3 - юми апрели соли равон дар назди майдони Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати гусели наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ афсарону сарбозон, собиқадорону фаъолони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят, волидайни наваскарон ва ҷавонону наврасони саодатманд иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин ҷамъомади бошукӯҳ суханронии пурмуҳтаво намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд.

Бояд таъкид намуд, ки таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва рӯҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

 - Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят зикр дошт, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, ба ҳукми анъана даромадааст, ки солҳои охир падару модарон ба қисмҳои ҳарбие, ки фарзандонашон адои хизмат доранд, сафар намуда, аз наздик бо тарзи хизмат, шароит ва вазъи зиндагии фарзандон шинос мегарданд. Ин тадбир агар, аз як тараф, барои хотирҷамъӣ ва осудахотирии падару модарон нисбати хизмати фарзандон дар адои Артиши миллӣ мусоидат кунад, аз ҷониби дигар, омили муҳим барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гардидааст.

 Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳалаи байнидаъватӣ баргузоргардида, алҳол 1500 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ҳастанд.

- Боварии комил дорем, ки хизматчиёни вилоят - аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ҷашнҳои саиди дарпешистодаро бо натиҷаҳои шоиставу арзандаи хизматӣ истиқбол гирифта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд ва марзҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд, - гуфт дар фарҷоми суханронӣ Раиси вилоят.

Боиси таъкид аст, ки дар рӯзи нахусти гусели наваскарон наздик 500 нафар ҷавонони матинирода ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ комиссари ҳарбии вилоят, полковник Давлатшоҳ Мирзозода, даъватшаванда аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сайёд Ниёзӣ, сарбоз Исломхоҷа Ҳомидов ва аз номи волидайн сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солибой Умаров ба сухан баромада, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба хизмати содиқона ба Модар – Ватан, ҳифз доштани марзу буми кишвар, шароитҳои хуби қисмҳои низомӣ ва рисолати ҷавонони ватандӯст баён доштанд. Барномаи рангини фарҳангӣ ва иҷрои маросими миллӣ, аз қабили нонгазону дуои пирони рӯзгордида ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

 Мухтори Абдуллоҳ,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh