НАҲЗАТИЁН ДУШМАНОНИ №1-И МИЛЛАТИ ТОҶИК!

Пас аз оне, ки наҳзатиёни малъуну касиф ва кӯрдилу кӯрботин ба хориҷи кишвар фирор намуданду бо дастгирии хоҷагони хориҷияшон дар  кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд, аксарияти онҳо чандин расонаҳои ифротиро таъсис дода, бар алайҳи миллати тоҷик муборизаро оғоз намуданд.

Ҳарчанд миллати тоҷик хуб медонад, ки ин тоифаи бешараф ва разили наҳзатӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар барпо кард ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор бегуноҳро гирифт, лек ҳамоно ин шайтонҳои наҳзатӣ кӯшиш мекунанд, ки миллатро фиреб диҳанд ва он ҷиноятҳову амалҳои террористии содиркардаашонро мехоҳанд, ки бо ҳар роҳе пинҳон нигоҳ доранд.

Лек ҷомеа хуб медонад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва имрӯз аз таъсисдиҳандагони чандин созмонҳои террористии дигар душманони аслии миллати тоҷик ҳастанд ва хиёнаткорони рақами 1-и Ватан мебошанд ва кайҳо чеҳраи манфури ин наҳзатиёни разилро шинохтаанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони миллатро маҳкум намуда, ба ин тоифаи бадкеш лаънат мехонем.

Изҳороти устодони кафедраи таҷҳизот
ва технологияи мошинсозӣ ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh