Раванди хатарзои зиддибашарӣ

Терроризм ҳамчун раванди хатарзои зиддибашарӣ имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ба нав ва сангинро эҷод менамояд ва дар айни замон мавзӯи мухими руз мебошад. Бо баробари шунидани мафҳуми терроризм мушкилоти сиёсиву ҷамъиятӣ, воқеотҳои нангину ҳузнангез ихтилофу зиддиятҳои мазҳабӣ пеши назар меояд.

Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ба ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ марбут буда, мақсади ин гурӯҳҳои ифротӣ ноором сохтани вазъи ороми кишварҳо мебошад.  

Имрӯз яке аз мушкилоти печидаву глобалии сайёра экстремизму терроризм мебошад, ки ҳамчун зуҳуроти харобиовар аҳли башарро таҳдид менамояд.

Соли равон дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра садхо мардуми давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Ин аз давлатҳои дунё тақозо менамояд, ки барои пешгирии он чораҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз зуҳуроте  ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти сайёра таҳдид менамояд,  ин вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро, террористию экстремистӣ ва, аз ҳама муҳимаш, шомил гаштани мардуми оиди ин зуҳурот тасаввурот ба ин гурӯҳҳо мебошад.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар давлатҳои хориҷа паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳ мехоҳанд  вазъияти оромии кишвари азизамонро халалдор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардум ба миён оранд.

Фаъолияти хоинонаи ТТЭ ҲНИ зидди ҳастии инсоният буда, манфиатҳои давлату миллат барояшон арзише надорад, ки исботи инро ҳоло аксарияти мардуми дунё дарк намуда истодаанд.

Ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми асри ХХ далели он шуда метавонад, ки маҳз аъзоёни ҳамин ташкилот ба сари мардуми кишвар ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуда, сабабгори бесаробон мондани даҳҳо оилаҳои тоҷик, доғи марги фарзанд чашидани садҳо модарони тоҷик гаштанд.

«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016-ум тасдиқ шудааст, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавии миллӣ баҳри тақвияти муқовимат бо терроризм ва экстремизм заминаи ҳуқуқӣ дошта, дар доираи он аксари масоил бо назардошти вазъи муқовимат бо ин зуҳурот дар кишвар ва таҷрибаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои узви ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) пешбинӣ гардидааст.

Мутаассифона, баъзе фирориёни ТТЭ ҲНИ аз хориҷа истода, зидди кишвари соҳибистиқлоли мо тӯҳматҳо мекунанд, нақшаҳо тартиб медиҳанд ва рӯирост бадгӯиву бӯҳтонҳо мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият барнамекашанд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи  бегуноҳи Тоҷикистон оварданд! Роҳе ки онҳо интихоб карданд, барои мардуми кишвар нохушиҳои зиёде овард.

ТТЭ ҲНИ имрӯз низ ба пешравии кишвар ва сулҳу суботи ҷомеа монеа эҷод карданист. Мардуми кишвар алҳол аз гузашта сабақ гирифт ва ҳаргиз фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин тоифа намешавад. Ҳизби мазкур аз рӯзҳои аввали фаъолияташ нисбат ба сиёсати пешгирифтаи мамлакат нотавонбинона назар карда, дастоварду пешравиҳои даврони соҳибистиқлолиро нодида мегирифт. Роҳбарони хиёнаткори он барои пешрафти амале анҷом надоданд. Ба мо маълум аст, ки дар зарфи мамлакат солҳои охир Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ қуллан пеш рафта мардуми кишварро дар пеш марҳилаҳои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт интизор аст. Хамаи тадбирҳо барои беҳбудии вазъи рӯзгори мардум, таъмини зиндагии шоистаи сокинони ин сарзамин равона шудааст. Аммо душманону нотавонбинони миллату давлат намехоҳанд, ин дастовардҳоро таҳаммул кунанд. Онҳо душманони инсоният буда, ниятҳои нопок доранд.

Дар ҳолати васеъ будани ҷаҳонбинӣ ва шуур ягон афрод наметавонад фирефтаи доми ин тоифа хиёнаткор гарданд ва ё ба суханони сафсатаву бофтаи онҳо бовар намоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад.

Дар робита ба ин бояд дар таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои таҳрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Аҳли ҷомеа, алалхусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ворид гардидан ба равияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани он мебошад.

Имрӯз мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва воқеъбинона дарк менамояд, ки танҳо заҳмати суботкорона мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад.

Ш.ҶАББОРӢ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh