Дар тафаккури ҷавонон ақидаи солимро зеҳннишин намоем

Имрӯз тоифаи нохалафоне ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва Истиқлолияти давлатии кишвари хеш шукрона накарда, мехоҳанд сулҳу суботи ватани хешро халалдор созанд.

Зимнан таъкид бояд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза кишваре  нест, ки аз таъсири гуррӯҳҳои террористӣ нигарон набошад. Ифротгароӣ ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро террористон зери по карда, бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ ба амалҳои зишт даст мезананд. Аҳолии зиёд хонавайрон ва дар мулки ғарибӣ гардидаанд, дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтиданд.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрӯз яке аз масъалаҳои доғ ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст.

Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. ҳадафи террористон сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан аст. Намояндагони гурӯҳҳои террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ аксаран нерӯии ҷавонон ноогоҳро истифода мекунанд. Доман паҳн карда истодани зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ҳамаи моро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани маъсулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амнияти кишвар самарабахш амалӣ созем.

Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
омӯзгори МТМУ №21-и шаҳри  Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh