Мубориза бо терроризм тақвият дода шавад!

 

 

 

Терроризм аз ҷумлаи падидаи даҳшатнок дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Мазмуни асосии терроризм, радикализм, тундравӣ дар расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ буда, ҷомеаро ба хушунат, муқовимати харобиовари мусаллаҳона бар зидди давлатҳои орому осуда, куштору ғорат мубтало кардан аст. Ин ҳаракат бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ оид ба бедор кардани тарсу ҳаррос, ваҳмангезӣ дар байни инсонҳо мебошад. Натиҷаҳои кори фалокатовари террористон тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст.

Террористон кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро бо маблағҳои зиёд ба тарафи худ ҷалб намоянд. Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷавонони гумроҳшудаи мо низ ба доми фиреби гурӯҳи террористон афтода, ҳаёти осудаву ором, падару модар, зану фарзандон ва Ватани худро тарк карда, дар кишварҳои ҷангзада, дар вазъияти вазнину ғайриинсонӣ ва хориву зорӣ ба манфиати бегонагон ва зархаридони хориҷӣ дар муҳорибаву задухӯрдҳо иштирок менамоянд. Ҳоло дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 500 гуруҳ ва созмони террористӣ амал мекунад, ки сабаби марг ва фалокати даҳшатноки рӯзгори мардуми осоишта мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо буд, ки алайҳи паҳн шудани хатари терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда, якчанд санаду қонунҳои муҳимро қабул намуд. Муборизаи зидди терроризм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи давлатҳои дунёро ҷиҳати пешгирӣ намудани ин хатари умумӣ мебошад. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёси эҷод мекунад ва авзои ҷаҳониро боз ҳам ноором месозад. Чи хеле ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногун олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрузҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шавқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният руй намегардонанд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задании амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани ҳама гуна амалҳои террористӣ, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Амалҳои даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ки ба дини мубини ислом ягон хел иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарари ҷиддӣ мебинанд. Таҷриба ба мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барҳам додани манбаҳои маблағгузории терроризм, яъне муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили муҳими пешгирӣ дар самти мубориза бо ин ҷинояти даҳшатнок ба ҳисоб меравад. Боиси ташвиш аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ кардани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқӣ инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз он ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳануз солҳои наваддуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Ҳар яки мо вазифа дорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неки созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон ҷиҳати ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем. Бинобар ин зарур аст, ки мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо терроризм мубориза барем ва нагузорем, ки он ба сулҳу субот ва ваҳдату осоиштагӣ халал расонад.

М.МАДАМИНОВ,
ҳуқуқшиноси калони Бюрои
давлатии ҳуқуқии ноҳияи Ашт

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh