Терроризм – зуҳуроти хатарноки аср

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар ин робита, ҳамчунин, дар ақсои олам терроризму экстремизм беш аз ҳар вақт авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI табдил ёфтааст. Мутаассифона, аз ин зуҳуроти номатлуб, яъне ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон кишвари мо низ истисно нест. 

Сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо, пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо бе назорат монда, дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рӯ ба корҳои ношоиста меоранд, ҳатто аз ноогоҳӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мепайванданд ва дар ниҳояти кор қотили инсон мешаванд.

Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Бекорӣ бошад, сарчашмаи ҳамаи балоҳост, одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст заданаш мумкин аст.

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад, то ризқу рӯзии хеш ва аҳли хонаводаро пайдо намояд, ҳамчунин ба фикрҳои беҳуда фурсат наёбад. Бархе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд. Баъзе аз онҳо ба нашъамандӣ мубтало мебошанд. Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ яке аз сабабҳои ба равияҳои бегона шомил шудани ҷавонон мегардад. Мо бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем. Ба ҷавонону наврасон ҳамеша бояд таъкид кунем, ки фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгарову манфиатталаб нашаванд ва ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо накунанд.

Дар ҳақиқат, агар ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста месозанд.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон, бо сабаби сустии эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми гурӯҳҳои террористӣ афтода, номи худро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро олуда месозанд. Баҳри пеши роҳи чунин кирдорҳоро гирифтан бояд тамоми аҳли ҷомеа дастаҷамъона амал намоем.

Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, нобаробарии дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандон мебошад ва ин ба он сабаб гардида истодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти Истиқлолият, худшиносӣ ва Ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта, ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин кунем.

Фидокориву мардонагии мардуми тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Мутаассифона, имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд.

Барои коста нагардидани муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст.

Амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа мебошад, ки он ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлатро аз ҳаргуна таҷовузҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддидавлатӣ таъмин менамояд.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат аст.

 Ш.ВАЛИЗОДА

Add comment


Security code
Refresh