Мулоқот бо интихобкунандагон

 

 

 

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент мулоқот бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Панҷакент 21 Шодизода Парвиз Шодибой, ҳафт нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятӣ, 40 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрӣ, ки аз тарафи ҲХДТ пешниҳод гардидаанд, баргузор шуд.

Дар мулоқот аъзои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вилоятии вакилони вилояти Суғд ва вакили Маҷлиси шаҳрии шаҳри Панҷакент Шафеиён Ислом Зиёзода ва раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, корманди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Боҳирҷон Раҷабов иштирок доштанд.

Шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ ва шахси боэътимоди Шафеиён Ислом Зиёзода доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов ба тарафдории номзадҳои арзанда сухан карданд.

Сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Муҳаммадмурод Сафарзода, корманди шуъбаи маорифи шаҳр Маҳбуба Ҳабибӣ ва дигарон низ дар бораи қудрати бузург ва созандаи ҲХДТ ва номзадҳои арзанда андешаҳои хешро баён намуданд. Шафеиён Ислом Зиёзода ва Шодизода Парвиз Шодибой оид ба фаъолияти поягузори ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди бесобиқаи мамлакат бо факту далел суханҳои шоиста гуфтанд. Қайд шуд, ки сохта шудани беморхонаи марказӣ, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳр, сохтмони мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайраҳо бозгӯи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр мебошад.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh