Созандаву ободкор бошем, на нуқсонҷӯ

Расидан ба озодиву соҳибистиқлолии давлатӣ орзуи ҳар халқу миллат мебошад. Миллат танҳо дар шароити озодӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мустақилона ҳаёти ояндаи ҷомеаи худро муайян менамояд.

Хушбахтона имрӯз миллати тоҷик давлати мустақил аст ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ягона ва ташаббускор шинохта шудааст. Воқеан, дар гузаштаи таърихӣ садҳо ҳамватанони мо барои ҳифзи ин сарзамин ва фарҳанги пурмояи миллат талошу ҷонбозиҳо намудаанд. Дар шароити ҳассоси геополитикӣ ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ҳифзи марзу бум, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Набояд ягон шахс ва гурӯҳе ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ шуда, сулҳу суботи кишвари азизамонро ноором созад.

Дар ин робита аз ҷониби Кабирӣ тӯҳмату бӯҳтонҳо дар ҳаққи кишварамон асос надорад. Дар маҷмӯъ дар ягон кишвари дунё зиндагии мардум ҳамаҷонибу хубуб бе камбудӣ нест. Ва баъдан чаро мо бояд Тоҷикистонро бо як давлати пешрафта ва мутараққӣ муқоиса менамоем? Гузашта аз ин, ҳар кишвар фарҳангу маданияти ба худ хос дорад. Ва ба андешаи ман ҳар сокини он вазифадор аст, онро дар шакли комил ба насли минбаъда расонад.

Ба шарофати истиқлолият барои рушду нумӯи илму фарҳанг ва созандагиву ободкорӣ шароит фароҳам гардид. Хушбахтона, дар зарфи бист соли охир Тоҷикистони азизи мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Се ҳадафи стратегии кишвар қариб пурра амалӣ гардид. Дар самти сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон ба натиҷаҳои чашмрас ноил шуд. Пуштибонӣ ёфтани чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ва мавқеи устувори мамлакат дар самти ба эътидол овардани сулҳу оромӣ дар Афғонистон ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Барои таҳкими суботу оромӣ ва пешрафти Тоҷикистон амалигардонии тадбирҳои мушаххас дар назар аст. Итминони комил дорам, ки амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030  имкон медиҳад, сатҳи зиндагии мардум боз ҳама боло гардад. Рӯ овардани ҳамаи қишрҳои ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон ва боз ҳам фароҳам намудани шароити беҳтар барои таҳсил ба болоравии рушди илму техника, технологияи муосир ва дар маҷмӯъ ба рушди кишвари азизамон мусоидат менамояд.

Имрӯз замони эҷодкорӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва илмомӯзӣ аст, на замони аз ҳамдигар нуқсонҷӯӣ ва ҷудоиандозӣ. Бояд то ба қадри тавоноиамон барои пешрафту ободӣ ва рушди Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

ШӯҳратСаидзода,
н.и.с., дотсент, мудири кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh