Зиндагиро иттиҳод зебанда аст!

Мо дар замони пуртазоди ҷаҳони муосир муборизаи бошиддати абарқудратҳо зиндагӣ дорем. Дар чунин раванд, пеша кардани ҳамкориҳои судманди байни давлатҳо, иштирок дар ҳалли муаммоҳои умумибашарӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ афзалтар аст.  Дар ҳамин марҳила зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ тарбия намоем. Боиси таассуф аст, ки боз дар ибтидои соли нави мелодӣ муноқишаҳои нав дар марзҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон сар зад. Он ҳам бошад, бидуни талафотҳои иқтисодиву маънавӣ анҷом наёфт. Аз задухурдҳое, ки дар байни сокинони ду кишвари ҳамсоя сурат мегирад, ҳар ду ҷониб манфиат гирифта наметавонанд, баръакс он ба муташанниҷ гаштани вазъият, мушкил гардидани ҳамзистии хаммарзӣ оварда мерасонад.

Дар сиёсат, дар таҳкими муносибатҳо арзишҳои ахлоқӣ нақши муҳим дорад. Иғвоангезии шахсиятҳои алоҳида барои халалдор сохтани амнияти минтақавӣ нигаронида шудаасту бас. Аз ин рӯ, муҳим аст,  ки рӯ ба ҷониби муросову мадоро оварем, кинаҳоро бурун сохта, оҳанги сулҳро ҷустуҷӯ намоем.

  Зилола Комилова,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ДДХ

Add comment


Security code
Refresh