Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок…

Баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шудаанд.

Яке аз  талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди амалҳои номатлуб, аз он ҷумла, ифротгароӣ мебошад.

Экстремизм яке аз падидаҳои номатлубест, ки имрӯз дар ҷомеаи кунунӣ паҳн шудааст. Экстремизм чист? 

Ҷавонони имрӯза , ки дар фазои ободу озод ва шароити хуб зиндагӣ доранд, бояд худро аз ин падидаҳои номатлуб канор гиранд. Шукри истиқлолияту ободии кишвар, сулҳу амонӣ ва оромию осудагӣ намоем, бахри рушди боз ҳам бештари кишварамон саҳм гузорем.

Вале, мутаассифона, имрӯз шахсоне низ ҳастанд, ки ба қадри ин ободиҳо,  ба қадри тинҷию амонӣ намерасанд ва ба қавле нон хӯрда, намакдон мешикананд. Ин қабил шахсон дар хотир бояд нигоҳ доранд, ки онҳо бо амалҳои номатлуби худ теша ба решаи худ мезананд. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ пиру чӣ барно бояд ба муқобили амалҳои номатлуб, аз ҷумла, терроризм ва экстремизм чун шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, ангуштони як даст, фарзандони як модар аз як гиребон сар бароварда, мубориза барем ва нагузорем, ки амнияти миллию давлатии мо халалдор гардад. Мо бояд дастаҷамъона баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани давлати азизи худ , ки соли оянда  30 –солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад, камари ҳиммат бандем. Андешаҳои худро ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлол бо як байти Асадии Тӯсӣ мехоҳам ҷамъбаст намоям:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан бар он об хок.

Азаматилло СОҲИБОВ,
директори МТМУ №87,
Ҷамоати деҳоти Фароб, шаҳри Панҷакент

 

Add comment


Security code
Refresh