ҶАВОНОНРО АЗ ГУМРОҲШАВӢ БОЗДОРЕМ

Солҳои навадуми асри гузашта бо гуноҳи як идда хоинони Ватан кишвари азизи мо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки  сабабгори нооромӣ ва саргардониҳои мардум гардид. Вале саркардагони он кирдорҳои нангин ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд ва орзуву иқдомҳои аҳриманонаи онҳо амалӣ нашуд. Аммо имрӯз ошкор гардид, ки дасисабозони Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби назҳат амалҳое содир карданд, ки нобахшиданист. Ин ташкилот аз замоне, ки ба фаъолият шурӯъ кард, ба ҷуз моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ ва тафриқаандозӣ дигар коре ба анҷом нарасонидааст. ҳадафи асосии ин гурӯҳи ифротӣ ба низоъ андохтани мардум, ноором сохтани вазъи сулҳу суботи кишварамон мебошад. ТТЭ ҲНИ мактабест, ки фақат террорист тундрав ва ифротҷӯ тарбия карда, алайҳи кишвари худ бармеангезад. Ин заҳҳоксифатон бояд дарк намоянд, ки ба мақсади хеш нахоҳанд расид.

Мо, таълимдиҳандагон дар ин замони пуртазод бояд пеши роҳи гумроҳшавии ҷавонону наврасонро гирифта, онҳоро аз роҳи каҷ боздорем. Ба сӯи фардои дурахшони кишвар раҳнамун сохтани насли ояндасози кишвар дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа вазифаи мо, омӯзгорон буда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона хоҳем кард.   

Ҷавонону наврасони имрӯзаро мебояд, ки бештар китоб мутолиа намоянду  савияи дониши худро баланд бардоранд ва соҳиби касбу кор шаванд.  ҳамчунин омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ имкон медиҳад, ки насли ояндасози кишвар машғули ин ва ё он ҳунар гашта, дар баробари пайдо кардани ризқу рӯзӣ аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ифротгаро дур монанд. Хушбахтона, бо эълон шудани сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бештари ҳунарҳои қадима, ки то имрӯз ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, аз нав эҳё гардида, дар ин раванд садҳо ҷавон соҳиби касбу ҳунар шуданд ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба молики дур, ки низ омили пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав аст, дур монданд. Таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ ҳидоятгар ба сӯи зиндагии пурнишот, тинҷу осуда ва ободу шукуфо гардид.

Матлуба АҲМАДҶОНОВА,
омӯзгори Гимназияи № 4,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh