Тарбия масъулиятнокӣ металабад

Имрӯзҳо шомил шудани бархе наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро моро водор менамояд, ки нисбати амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳо, вазифаҳо ва масъулияте, ки бар зиммаи ҳар як субъекти тарбия гузошта шудааст, бетараф набошем ва ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои насли наврас диққати бештар диҳем. Зеро ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудану баҳри онҳо ояндаи дурахшонро созгор намудан вазифаи инсондӯстона ва қарзи ҳар як фарди масъули тарбия аст.

Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба манъ ва тадбирҳои фаврӣ оид ба барҳам додани шаклҳои мухталифи меҳнати вазнини кӯдак, Протоколҳои факултавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак марбут ба иштироки кӯдак дар низоъҳои мусаллаҳона ва хариду фурӯши кӯдакон ва як қатор санадҳои ба ин алоқамандро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, далели он аст, ки давлату миллат нисбати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои насли наврас ва дур намудани онҳо аз каҷрафторҳову амалҳои ношоистаи онҳо бетараф нест. Дар баробари ин ҳама ғамҳориҳои давлат мо тарбиятгаронро зарур аст, ки бо масъулияти том ба тарбияи насли ояндасоз камари ҳиммат бандем. Сараввал бояд дарк кард, ки масъул будан чӣ мазмун дорад?

Албатта, пеш бурдани раванди тарбия мушкил аст, аммо пурсабриву қавииродагии инсон метавонад аз болои ҳама мушкилот ғолиб ояд.

Илова бар, ин падару модар дар таълими фарзанд бояд ҷиддан машғул бошанд, ки онро бо чунин роҳҳо амалӣ гардонидан имконпазир аст: муҳайё кардани шароит дар таълиму тарбия, бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудани фарзанд, барои ӯ шароити муносиб муҳайё намудан зарур аст. Махсусан, дар пӯшидани либосҳои расмии мактабӣ аз ҷониби фарзанд падару модар бояд назорат намоянд. Волидайн метавонанд дар маҷлисҳои падару модарон, чорабиниҳои мактабӣ, дар раванди донишандӯзии фарзандашон ба дарсҳояшон иштирок намуда, ҳамкориро бо муаллимон, мураббиён ва устодон ҷоннок гардонида, бо ин восита ҳисси масъулиятнокиро пурзӯр гардонанд.

Мутаассифона, дар ҷамъияти мо падару модароне ёфт мешаванд, ки бо сабабҳои гуногун аз ҷумла: аз сабаби паст будани вазъи иқтисодии оила, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, паст будани маърифати оиладорӣ, хушунат дар оила, истифодаи зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои мухаддир нисбати тақдири фарзандон бепарвогӣ зоҳир намуда, оқибат тарбияи онҳоро коста мегардонанд. Маҳз ҳамин бепарвогии волидайн ва бетарафии аҳли ҷомеа боиси гумроҳии бархе аз ҷавонон гардид, ки онҳо роҳҳои нодурустро пеш гирифта, умри ҷавони хешро сарфи амалҳои номатлуб карданд. Барои ҳамин ҳам аз нодониву гумроҳӣ як зумра ҷавонон шомили гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ гардиданд.

Ба наврасону ҷавонон раҳнамое бояд буд, то ки дар ин замони пуртазод фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардидаанду ояндаи хешро ба боди фано насупоранд.

Имрӯз зарур аст, ки натанҳо падару модарон ва омӯзгорон, балки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кулли ҷомеа барои беҳ гаштани шароити тарбия ва сифати таълим ҳиссагузор бошанд.

Афзуна  ҚУРБОНОВА,
устоди  ДОТ дар шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh