Бадномкунии миллати хеш - кӯрнамакӣ!

Роҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ боз аз шеваи дерини худ истифода карда, зиндагии ободи ҳамватанони моро ноором кардан мехоҳанд. Онҳо худро дилсӯзи Ватану мардумпарвар эълон дошта, тафриқаандозӣ мекунанд. Аммо бо айби ҳамин «ватанхоҳону ҳомиён» аст, ки солҳои 90 - уми асри гузашта кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Шукр, ки имрӯз дар кишварамон тинҷиву осудагӣ ва сулҳу субот ҳукмрон гардид, ки ин дастовардҳо барои кулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст. Агар ин тоифа воқеан миллатдӯсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти риояи маърифати баланди гузаштагонамон дар як кишвари бегона истода, боз забон ба бадномкунии ҳамватанони хеш намекушоданд. Бешак, онҳо боз нияти пиёда кардани нақшаҳои нопоки худро доранд, ки ин нақшаҳои дар ҳамкорӣ бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезӣ шуда ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахтӣ чизе намеоваранд.

Мо - аҳли ҷомеаи кишвар ба ин ҳамватанони бегонапарастамон бо қатъияти том изҳор менамоем, ки дигар касе ба ҳарзаҳои шумо гӯш намедиҳад.

Манзура АЗИМОВА,
омӯзгори Гимназияи №4,шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh