БА ҲАМ ЯКТАН ШАВЕМУ ЯКДИЛУ ЯКПЕША!

Вақте ба воқеаҳои олам назар меафканем, инсонро даҳшат фаро мегирад. Махсусан, амалу рафтори роҳбарони баландпояи кишварҳои абарқудрат, ки метавонад, ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ сабаб шавад, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист. Ҷаҳон имрӯз дар ҳолатест, ки танҳо ақли солим онро метавонад, дар як вазъи ором нигаҳ дорад. Ба болои ин кас ба ҳайрат меафтад, ки чаро то имрӯз инсонҳое ҳастанд, ҳатто, дар кишвари азизи мо, ки аз сари бефаросативу ноогоҳӣ ба равандҳои ифротгаро пайваст шудан мехоҳанд ё дар қаламрави Ватани азизамон фитнаеро эҷод кунанд ё нооромӣ биёранд.

Магар мо имрӯз мехоҳем, ки Тоҷикистон пойгоҳи муборизаҳои сиёсии бегонагон гардад? Албатта, не! Пас, бояд андеша кард, ки ҳар амалро ҷавобест ва бетарафӣ низ амали дуруст нест.

Бояд донист, имрӯз дар ҷаҳон як тоифаи мардум ҳастанд, ки дар дил ғаразе доранд,барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳамаи воситаҳо истифода мебаранд. Аз ҷумла, аз дини мубини Ислом сӯиистифода намуда, азҳоби динӣ ташкил намуда, ба амалҳои экстремистӣ - террористӣ даст мезананд, ҷаҳони оромро ноором карда, амнияти давлатҳоро дар хатар мемонанд. Ба ин роҳи хатои пешгирифтаи онҳо аксаран ҷавонон гумроҳ мешаванд, аз он мардуми осоишта зиёдтар зарар мебинанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ - террористӣ аз ҷумла Ихвон - ул - муслимин дар аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла дар кишвари мо манъ мебошад ва ҳамчун ташкилоти экстремистӣ - террористӣ шинохта шудаанд. Бо вуҷуди ин, афсӯс, ки баъзе ҷавонон дониставу надониста бо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин ҳизбҳо шомил шуда, роҳи нодурустро пеш мегиранд,ки ин ҳама натиҷаи ғалат фаҳмидани таълимоти дини Ислом ва мазҳаби Имоми Аъзам мебошад.

Агар мо ба таърихи ташкил шудани ҳизбҳои ба ном динӣ назар кунем, шоҳид мешавем, ки даҳҳо азҳоби динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар асоси ҳизби Ихвон – ул - муслимин ба вуҷуд омадааст. Вақте дар Миср бо дасти роҳбари ин ҳизб Мурсӣ табаддулоти давлатӣ ба вуҷуд омад, аввалин шуда, Муҳиддин Кабирӣ ба мулоқоти ин ихвонӣ шитофт. Баъди чанде Мурсӣ ҳамчун террорист ба ҳабс гирифта шуд.

Имрӯз ҷавонони мо бояд аз ҳадафҳои нопоки Ихвон – ул - муслимин огоҳ бошанд, ки мубаллиғони ин ташкилоти террористӣ барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ мафкураи онҳоро заҳролуд накунанд.

Мо бояд маънавиёти ҷавононро баланд бардорем, зеро ҷомеаи имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ тавассути фазои маҷозӣ бо падида ва зуҳуроти гуногуни олами бекарон рӯ ба рӯ мешавад ва муҳимтарин рисолати инсон ин ҳимояти арзишҳои одамӣ ва аз даст надодани дороиҳои миллӣ ва авлодии ӯст.

Инсон бояд гузаштаи худро донад, падару модар, бобову модаркалон умуман, ҷадди аълои хешро шиносад. Ин имкон медиҳад, ки ӯ ба гузаштагони худ баҳо диҳад, аз онҳо ифтихор намояд ва шоистаи ному амали онҳо кор кунад. Мутаассифона, воқеаҳои охир касро ба ҳайрат мегузорад, ки чаро ҷавонони мо нисбати худ ва авлоди хеш бетарафӣ зоҳир мекунанд ва ба дасисаҳои душманони миллат дода мешаванд. Дар бораи оилаву даргоҳ, обрӯву эътибори худ фикр намекунанд.

Ҷавонони азиз, онҳое, ки аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ба таври кофӣ огоҳ мебошед, бидонед, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ин маънии бузург дорад.

Яъне шумо ояндаи миллат ҳастед, бояд ба қадри он расид ва дар ободии ин диёр кӯшид. Ҳамватанони азиз, биёед, ба ҳам оем, ба ҳамдигар матлабҳои заруриро, аз ҷумла ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва мақсадҳои ифротгароён, ононеро, ки нону оби ин сарзаминро хӯрдаву имрӯз аз берун сангандозӣ мекунанд, шарҳ диҳем ва ба онҳое, ки масъаларо дарк намекунанд, фаҳмонем. Имрӯз бетарафӣ баробари беақлист. Агар тинҷиву осудагӣ аз ҳама чиз боло бошад, пас биёед, бетараф набошем!

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh