ПАЙРАВӢ БА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ОҚИБАТИ  ПУШАЙМОНИСТ!

Таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои ҳассос ва муҳим ба шумор рафта, мебояд нисбат ба тарбияи ҷавонону ноболиғон ҷиддӣ муносибат намуд.

Ҷавонон насли ояндасози миллати мо буда, онҳо соҳиби илму ҳунар гашта боистеъдоду лаёқатманд бошанд, мояи ифтихор ва сарбаландии моанд. Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлоламон бонангу номус, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ифтихори Ватан гашта, доимо дар сафи пеши амалҳои созанда қарор доранд, зеро онҳо ояндаи давлату миллатанд.

Мутаассифона, иддае аз ҷавонони гумроҳгаштаи мо, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони ғояву ақидаи ифротӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи сари бархе ҷавонони сабукфикрро заҳролуд кардаанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷиашон амал карда, мехоҳанд, дар тинати ҷавонони ноогоҳ рӯҳияи тафриқаандозиро ҷо кунанд. Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст.

Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ғофил аз худшиносии миллӣ мебошанд, шинохти хотираи таърихии миллати кӯҳанбунёди моро надоранд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонгарӣ эҳсос намекунанд.

Ҷавонон бояд бидонанд, ки мафҳуми миллат, Ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ арзишҳои олии миллати мо мебошанд. Онҳоро лозим аст, ки ба ин арзишҳо эҳтиром гузоранд. Ҳамзамон, бояд афкору андешаи солим дошта, дар аз худ кардани илму дониш бикӯшанд ва неруи худро баҳри рушду нумӯи Ватани худ сарф намоянд.

Маърифат КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ №33,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh