Ватандорӣ ба кирдор аст!

Мардуми тоҷик зарбулмасале дорад: «Зӯри беҳуда миён мешиканад». Кабирӣ ва тарафдорони вай бояд дар хотир доранд, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ шуданд, ба мамлакат 10 миллион доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расид, 1 миллион одамон гуреза гаштанд, 150 ҳазор нафар ҳалок шуданд, 55 ҳазор тифл ятим монд. Ба ин хиёнаткорон ҳукумат гузашт кард, дар парлумон ҷой дод, вале моҳи сентябри соли 2015 бори дигар ба Ватан хиёнат карданд.

Имрӯзҳо шумо дар Аврупо бо маблағи хоҷагони хориҷӣ ба ҳар гуна тӯҳмату иғвогарӣ овора ҳас-тед. Мана ин аст ҳунари шумо. Мақсадҳои хешро пинҳон намуда, мардумро роҳгум мезанед. Бар хилофи зарарҳои моддӣ ва маънавии овардаатон давлати мо кӯшиш намуда истодааст, ки аз он марҳала ба марҳала раҳо ёфта, барои насли ояндаи кишвар шароити беҳтаринро муҳайё намояд.

Мо, мардуми тоҷик стратегияи миллӣ - дастурамали рушди кишвар дорем. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем, ба истиқлолияти энергетикӣ расидем ва боварӣ дорам, ба амнияти озуқавориву саноатикунонии мамлакат дар муҳлати наздиктарин хоҳем расид.

Тоҷикистон давоми ҳафт соли охир дар арсаи ҷаҳон мақоми худро пайдо кардааст. Аз пешрафтҳои кишвар чашм напӯшед, баръакс, мардона эътироф кунед. Ҷавонон дар кишварҳои дунё таҳсил менамоянд, фикронии озод доранд, вале гоҳ - гоҳ ба фиребҳои шумо афтида, гумроҳӣ мекунанд, ки ин «хизматҳои шоёни шумо» аст.

Мавқеи занон дар ҷомеа баланд аст, дар идоракунии давлат фаъолона иштирок мекунанд. Аммо шумо мехоҳед, ки онон аз хона набароянд, ҳиҷобпӯш ва ғулом гарданд.

Биёед, ба Ватан хизмат кунед, онро обод намоед, дар интихобот иштирок намоед, ба ҳар гуна тӯҳмату иғво даст назанед.

Б.Шеронов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh