Ба тақдири ҷавонон ҳаргиз бетараф набошем!

Имрӯз шаклҳои зиёди экстремизм муайян шудаанд, ки ҳар яке аз инҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро хусусиятҳои харобиоварӣ, таҷовузкорона, бераҳмона, ҳадафҳои ифротгароёна бо ҳам мепайвандад.

Сабабҳои ба гурӯҳҳои экстремистӣ пайвастани бархе аз ҷавонон гуногун аст, аз ҷумла паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфта- ни сатҳи зиндагӣ, ноогоҳӣ аз таърихи кишвару миллати худ ва дигарҳо.

Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ манфиатдоранд ва чунин андешаҳоро, алалхусус, миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон чандин гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бисёр шаҳрвандони кишвари мо дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дур аз назорати волидон қарор доранд, ки ба қавле, каме беаҳамиятӣ, беназоратӣ ба тақдири онҳо метавонад, боис шавад, ки онон фирефтаи доми гурӯҳҳои ифротӣ гарданд. Аз ин рӯ, ба тақдири насли ҷавон мо, калонсолон бепарво набошем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем.

Вобаста ба гуфтаҳои боло, кишвари мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро қатъиян маҳкум менамоем ва баҳри ҳифзи якпорчагӣ ва гулгулшуку- фии кишвари азизамон саҳм мегузорем.

Шаҳодат АЛИМОВА,
духтури оилавии МД «Маркази таълимии
 клиникии тибби оилавии вилояти Суғд»

Add comment


Security code
Refresh