«Зӯри беҳуда миёнро мешиканад»

Мардуми  тоҷик  зарбулмасал  дорад, ки  «зӯри беҳуда  миён  мешиканад».   Кабирӣ  ва  тарафдорони  вай  бояд дар  хотир  доранд, ки боиси сар задани ҷанги  шаҳвандӣ шуданд,  ба мамлакат  10 млн доллари амрикоӣ  зиёни  моддӣ расид,  1 млн  одамон гуреза шуданд, 150  ҳазор  нафар ҳалок  шуданд,  55 ҳазор  тифл ятим монд. Ба ин хиёнаткорон  ҳукумат гузашт кард, дар парлумон  ҷой  дод, вале моҳи сентябри  соли 2015  бори дигар  ба  Ватан  хиёнат  карданд.

Имрӯзҳо  шумоён дар  Аврупо  бо  маблағи  хоҷагони   хориҷӣ  маишат  мекунед  ва  бо ҳар  гуна  тӯҳмату   иғвоҳо овора ҳастед.  Мана  ин  аст касби шумо. Мақсадҳои  хешро  пинҳон  намуда, мардумро роҳгум мезанед. Аз он  зарарҳои  моддӣ ва маънавии  овардаатон  давлати мо  кӯшиш намуда истодааст, ки аз он марҳила  ба  марҳила   раҳо ёфта барои насли ояндаи кишвар шароити беҳтаринро муҳайё намоем.

Мо мардуми тоҷик  стратегияи миллӣ-  дастурамали  рушди  кишвар  дорем. Аз  бунбасти  комуникатсионӣ  баромадем,  ба истиқлолияти  энергетика  расидем ва бовари дорам ба амнияти  озуқавориву  саноаткунии  мамлакат  дар муддати наздиктар хоҳем расид.

Тоҷикистон  давоми   7 соли  охир  дар  асраи  ҷаҳон  мақоми  худро пайдо  кардааст.  Аз пешрафтҳои кишвар  чашм  напӯшед,  баръакс  мардона эътироф кунед. Дар  давраи  Шӯравӣ   кишвар  дар  изолатсия буд,  имрӯз   бошад, озод аст.  Чавонон  дар  кишварҳои  дунё  таҳсил  мегиранд, фикронии  озод  доранд, вале  гоҳ-гоҳ  ба  фиребҳои шумо  афтида,  гумроҳӣ  мекунанд,  ки  ин  «хизматҳои  шоёни шумо» аст.

Мавқеи  занон дар  ҷомеа  баланд аст.  Дар  идоракунии  давлат  фаъолона  иштирок  мекунанд. Аммо шумо мехоҳед, ки онон  аз  хона  набароянд, дар  асри  миёна  зиндагӣ  карда,  ҳиҷобпӯш ва ба ғулом  тадбил  гарданд.

Хуллас,  биёед,  ба  Ватан  хизмат  кунед,  онро обод  кунед,  дар  интихобот  иштирок  намоед,   бо  ҳар гуна  тӯҳмату  иғво  даст  назанед.

Шеронов Б. – дотсенти кафедраи
 фанҳои  ҷамъиятии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh