Нест бод афкори бади наҳзат

Агар ба таърих назар афканем дар ҳама давраҳо чи қадар душвориҳо, ҷангу ҷидолҳоро мардуми тоҷик аз сар гузаронидааст. Ва хушбахтона аз қаъри асрҳо тавонистааст нангу номуси худро нигоҳ дорад, як порча Ватани худро обод намояд ва ҳамчун халқи қадимтарину тамаддунофар худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Лекин афсӯс дар байни мардум шахсоне ҳастанд ба мисли Кабирӣ, ки аз дур истода, фақат сиёҳкориву иғвоандозӣ менамоянд. Мардуми тоҷик сулҳеро, ки бо хуни фарзандонаш ба даст омад, фаромӯш намекунад. Сулҳи деринтизор, истиқлолият, ваҳдати ба даст овардаашро ҳифз менамояд ва ба суханҳои ҷангҷӯёнаву фиребу найрангдор шефта намешавад. Охир худ қазоват намоед, шахсоне ҳастанд, ки як оилае, ки аз чор панҷ нафар ё коргоҳе, ки якчанд нафар доранд идора ва сарҷамъ  карда натавониста, ба ҷудоиҳову душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин як давлате, ки қариб 10 миллионро ташкил медиҳад дар замони пуртазод идора кардану пеш бурдан осон аст? Албатта на!

Мо омӯзгорон роҳи пешгиритаи ҳукумати мамлакатро дуруст мешуморем ва барои тарбияи намудани донишҷӯён  ҳамчун шахсони баору номус, худшиносу ватандӯст саҳми худро мегузорем. Намегузорем, ки хоинони миллат аз хориҷа истода, ба мафкураи мардуми мо, бахусус ҷавонон таъсир расонанд ва фазои ороми кишвари гулгулшукуфонамонро ноором кунанд.

Юсупова М.,
 ассистенти кафедраи забони русии ДДХБСТ

Add comment


Security code
Refresh