Ақидаҳои муғризонаи Кабирӣ

Дар зери ҳошияи нофаҳмиву бесаводӣ ва табрикоти бемаънои худ Муҳиддин Кабирӣ боз як бори дигар бешуурии худро исбот кардааст. Мо медонем, ки кишвари азизамон ба ин рӯзҳои орому осуда бо чӣ азобу шиканҷаҳо омада расидааст. Рӯзҳое буданд, ки баҳри буридаи нон мардум зор буд. Хушбахтона имрӯз  дастархони ҳар хонадони мо пур аз нозу неъмат аст, кӯдакон хоби ором доранд,  илму маориф дар рушд аст. Чӣ қадар биноҳои истиқоматии замонавӣ, мактабҳои нав, қомат рост карданд, шаҳру деҳаҳо , роҳҳо. обод гашт.

Бояд гӯям, ки соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд буд. Дар ин сол бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Пас Кабирӣ  чӣ гуна метавонад, ин гуна дастовардҳои бузургро рад кунад. Ҳол он, ки худ бо ақидаҳои нохалафаш мехоҳад фазои орому осудаи моро ноорому ба ҷанг табдил диҳад. Пас ин ақидаи ӯ аз чӣ аст, то кадом андоза ӯ дӯстдори ин миллату ин кишвар шуда метавонад? На, ягон андоза. Зеро дӯстдори Ватан ба миллати худ хоиниву бадфикриро  раво намебинад, барои ҳамин миллату кишвар лозим ояд, ҷон медиҳад! Ӯ бошад, гапҳои пучу бемаънои худ қонунҳои дурусту кишвари рушдкардаистодаи биҳиштосои моро бад карда истодааст.

Суханону ақидаҳои  Кабирӣ нодурусту бемаъноянд ва мо набояд ба чунин ҳарфҳои ифротгароён ва душманони ватан гуш андозем.

 Баҳриддинов Ҳ.,
 ассистенти  кафедраи  технологияҳои иттилоотӣ
дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh